ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон, дар бозори асъори кишвар тағйироти мунтазам ба қайд гирифта мешавад.
Бонки миллии кишвар рӯзи 21 апрел қурби пули русиро нисбат ба сомонӣ боло бурд.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло 1000 рубл дар як рӯз якбора 4 сомонӣ боло рафта, дубора ба 158 сомонӣ баробар шуд.
Рубл қаблан дар ин сатҳ қарор гирифта буд, вале баъдан боз то 150 сомонӣ барои 1 ҳазор сомонӣ поин рафт ва дар 10 рӯзи охир тадриҷан боло рафт.
Пули амрикоӣ бо қурби расмии Бонки миллӣ дар сатҳи 12,50 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад, ки ин имкон медиҳад, суботи нисбӣ дар бозори асъор нигоҳ дошта шавад.
Аммо евро чун ҳамеша дар ҳолати шинокунанда аст. Тағйирёбии кам дорад, аммо инчунин ба афзоиши чашмрас рӯ ба рӯ мешавад. Ҳоло барои як евро дар Тоҷикистон 13,54 сомонӣ медиҳанд.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харидуфурӯш 157 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 152 ва 157 сомонӣ муайян намудааст.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 145 сомонӣ ва зимни фурӯш 160 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.