Дар Тоҷикистон ба марде барои куштори модараш ҳукми абад доданд

Марде, ки насиҳати модарро нодуруст дарк карду ӯро бо чаҳор зарби корд ба қатл расонид равонаи зиндони низомаш махсус гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон Қосимов Мустақим, сокини шаҳри Роғунро бо ҷурми одамкушӣ равонаи зиндон кард.
Тибқи иттилои дафтаи матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон Қосимов дар қатли модараш гунаҳгор дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти тафтишоти пешаки ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки номбурда бо зану фарзандонаш ҳамрои волидонаш мезистааст.
Модар бошад, бинобар сабаби дар ягон ҷой кор накардани писараш ӯро насиҳат карда, мефармудааст, ки дар ягон ҷой кор карда, бо таъмин намудани хурду хӯроки зану фарзандонаш зиндагиашро пеш барад.
Аммо писар аз рафтору муносибати модараш норозӣ ва доимо дар хашму ғазаб қарор дошта, мунтазам бо ӯ бо баҳонаҳои гуногун муноқиша ва ҷанҷолҳо мекардааст.
Ҳабси ҷавоне барои озори модар: шаъну шарафи ӯро дар назди ҳамсоягону атрофиён паст зад
Қосимов 30 апрели соли 2021 дар дили шаб, пинҳонӣ кордро гирифта, ба назди ҳуҷраи хоби падару модараш рафта, аз фурсати муносиб истифода бурда, бо бераҳмии махсус бо корди дар дасташ буда, ба қафаси синаи модараш задааст.
"Модараш аз зарбаи корд аз хоб бедор шуда, кушиши хестанро мекунад, вале ӯ ба модараш чунин имкониятро надода, бо корди дар дасташ буда, пай дар пай се маротибаи дигар зада, ба қатл мерасонад", - афзудааст манбаъ.
Дар пайи ин ҳодиса мақомот ӯро боздошт ва аз ҷониби Додгоҳи Олӣ бо дастрасии моддаи 104 қисми 2 банди “в, е”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як умр равонаи зиндони низомаш махсус гардид.