ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар шимоли Афғонистон, дар яке аз масҷидҳо таркиши шадид рух дод.
Дар ин бора шабакаи телевизионии Афғонистон "TOLOnews" бо такя ба табибони маҳаллӣ хабар додааст.
Ба навиштаи манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодиса дастикам 30 нафар кушта ва 80 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳодиса дар шимоли ин кишвар, дар шаҳри Мазори Шариф, ки маркази маъмурии вилояти Балх аст, рух додааст.
Қаблан хабаргузории маҳаллии "Aamaj News" хабар дода буд, ки ҳодиса на дар дохили масҷид, балки дар кӯча рух додааст, аммо базудӣ ин маълумот рад карда шуд.
Пас аз иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркиш ба қайд гирифта мешавад.
Ҳамин тавр тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд.
Ахиран дар пайи таркишҳо дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд. Дар назди ду муассисаи таълимии пойтахти ин кишвар садои таркиш баланд шуда буд.