ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Владимир Путин амр дод, ки ҳамла ба "Азовстал" лағв шавад, то ҷони низомиёни русро наҷот диҳад.
"Ман ҳамлаи пешниҳодшуда ба минтақаи саноатиро номувофиқ медонам. Амр медиҳам, ки он лағв шавад", - гуфт Путин.
Дар мулоқот бо вазири дифои Русия Сергей Шойгу президент гуфт, ки корхона бояд комилан масдуд карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамаи онҳое, ки дар Мариупол таслим шудаанд, кафолати зинда мондан дода мешавад. Ӯ қайд кард, ки фақат минтақаи саноатии "Азовстал"-ро бастан лозим аст.
"Ба ин долонҳои зеризаминӣ даромадан ва зери замин хазидан лозим нест", - гуфт кишвардор.
Илова бар ин Шойгу ба фармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳи Русия, президент Владимир Путин дар бораи озодкунии Мариупол гузориш додааст.
Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои Русия Мариуполро таҳти назорат гирифтаанд, дар ин шаҳр беш аз 8 ҳазор нафар аз низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина, воҳидҳои миллатгароён ва зархаридони хориҷӣ ҳузур доштанд.
"Дар ҷараёни озод кардани шаҳр беш аз 4 ҳазор нафар нобуд, 1478 нафар таслим, гурӯҳи боқимондаи беш аз 2000-нафарӣ дар минтақаи саноатии "Азовстал" муҳосира шуданд", - таъкид кард Сергей Шойгу.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.