Примадонаи тоҷик 65-сола шуд: раиси Кӯлоб барои ӯ куртаи чакан фармоиш додааст

Овозхони саршинос, примадонаи санъати тоҷик, модари ду овозхони маъруф - Шабнам ва Фарзона 65-умин солгарди умрашро таҷлил мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Сурайё Қосимова 65-сола шуд. Ин овозхонро дар Тоҷикистон примадонаи санъати тоҷик мегӯянд.
Ба муносибати солрӯзи Сурайё дар зодбуми ӯ, шаҳри Кӯлоб бо супориши раиси шаҳр туҳфаи махсус фармоиш дода шудааст.
"Pressa. tj" аз қавли сухангӯи раиси шаҳри Кӯлоб навиштааст, ки бо супориши Бахтиёр Назарзода барои овозхон либоси миллии чакан омода мешавад.
Зикр гардид, ки туҳфаи соҳибҷашнро масъулони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба дасти хонум Қосимова мерасонанд.
Соли гузашта низ ҷашни мавлуди Сурайё Қосимова ба моҳи шарифи Рамазон рост омада буд ва ӯ дар суҳбат бо расонаҳо зикр намуд, ки бо тоату ибодат солрӯзашро таҷлил мекунад.
Сурайё Қосимова аз хушбахтии худ, хоксории Шабнаму Фарзона ва иштибоҳи мақомот гуфт
Сурайё Қосимова 22 апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, модари 4 фарзанд мебошад. Соли гузашта хабари хонадоршавии Сурайё бо Пӯлод Шаропов ном марди аз худаш хурд шабакаҳои иҷтимоиро такон дод. Синни шавҳари нави Сурайё ҳудуди 45 гуфта мешавад, ки аз издивоҷи қаблияш се фарзанд дорад. Шаропов хонадоршавияшро бо Сурайё аз дӯстдорӣ гуфт.
Сурайё Қосимова аз издивоҷи аввалаш Шабнам ва Рӯзимоҳро таваллуд намудааст, ки Шабнам низ овозхон ва Рӯзимоҳ соҳибхоназан мебошад.
Издивоҷи дувумаш бо корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Хуршед Рабиев сурат гирифтааст, ки аз ин издивоҷ як духтар, Фарзона ва як писар, Эмомалиҷон ёфтаанд. Фарзона низ сароянда мебошад. Эмомалиҷон, писари ҷавонмарги Сурайё дар синни 16-солагӣ, 18 апрели соли 2017 аз бемории саратон вафот кард.
Дар пайи зарбаҳои бузурги ҳаёт солҳои қабл хабарҳо нашр мешуданд, ки вазъи саломатии ӯ хуб нест, аз ҷумла асабҳояш бемор шудаанд, аммо ин зани тавонои тоҷик тавонист ҳама имтиҳоноти ҳаётро паси сар кунаду бо ҳузуру ҳунараш дар саҳна на танҳо хонаводааш, балки тамоми мардуми Тоҷикистонро хушнуд созад.