Дар Душанбе ронандаи "Тойота прадо"-ро пас аз як тӯй ҷарима карданд

Ин ҷавон дар як тӯй иштирок намуда, аснои ҳаракат дар роҳ ҳолати хатарноки садамӣ ба вуҷуд овардааст. Ҳоло нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Дар Душанбе ронандаи 27-солаи автомашинаи "Тойота-прадо" -ро ҷарима намуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ба кормандони милисаи Душанбе як корбар видео ирсол намуда, дархост кард, ки нисбати ронанда чораандешӣ сурат гирад.
Дар видео ҳаракати гурӯҳии мошинҳо сабт гардидааст ва яке аз ронандаҳо ду ҷавонро дар ду паҳлуи мошини худ ҷо дода, бо ин амалаш зимни ҳаракат дар роҳ ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст.
Зимнан кормандони милиса, ронандаи қонуншиканро муайян ва ба идораи РВУД дар пойтахт интиқол додаанд.
Муайян гардид, ки номбурда истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳисорак мебошад ва дар як маросими арӯсӣ қоидаи ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст.
"Облава" набуд, ҷинояткор боздошт шуд: ВКД видеои баҳсии шабакаҳои иҷтимоиро шарҳ дод
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ӯ, тибқи талаботи моддаи 328-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тартиб дода шуда, тибқи муқаррароти моддаи мазкур, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуд.
Илова бар ин кормандони милиса бо ду ҷавоне, ки дар ду паҳлуи мошини дар ҳоли ҳаракат рост истода буданд, суҳбатҳои профилактикӣ гузаронидаанд.