ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik, Наталя Дембинская. Таҳримҳои навбатӣ метавонанд ба воридоти титан, ашёи асосии саноати кайҳониро шомил шаванд. Дар ин ҳолат шумо бояд истеҳсолотро кам кунед ва он чизеро, ки доред, истифода намоед. “Boeing” гуфт, онҳо бидуни таъминоти Русия кор хоҳанд кард. Аммо “Airbus” омода нест, ки имову ишораи сиёсии нодурусти рақиби бурунмарзии худро такрор кунад.
Куҷоро ҷӯем?
ВСМПО-“Ависма”-и русӣ сеяки эҳтиёҷоти титани “Boeing”, то 60%-и “Airbus”-ро таъмин ва талаботи “Embraer”-и Бразилияро тақрибан пурра қонеъ мекунад. Дар авоили моҳи март “Boeing” харидуфурӯш аз Русияро мутаваққиф кард. Онҳо шарҳ доданд, ки "захираҳои назаррас" вуҷуд доранд, аз ҷумла ба шарофати таъсиси як ҳавзи таъминкунандагон дар саросари ҷаҳон.
Аммо ба гуфтаи директори фурӯши аврупоии “Airbus” Воутер Ван Верш, ширкат ҳоло ҳам ният дорад, ки истеҳсолотро то нимаи соли 2023 ҳадди аққал то 65 ҳавопаймои насли A320 дар як моҳ афзоиш диҳад. Ва пас аз ҳисоб кардани оқибатҳои эмбарго аврупоиҳо аз пайравӣ ба “Боинг” худдорӣ карданд.
Ба гуфтаи директори ширкати “Airbus” Гийом Фори, агар эмбарго эътибор пайдо кунад, захираҳо дер давом намекунанд. Аз ин рӯ тавлидкунандаи ҳавопаймоҳои аврупоӣ аз сиёсатмадорон даъват кард, ки аз таҳримҳо худдорӣ кунанд.
“Airbus” аз солҳои 1990-ум бо ВСМПО-“Ависма” ҳамкорӣ мекунад. Дар аввал фақат ашёи хом мехарид. Баъд маҳсулоти нимтайёри металлургӣ бо арзиши иловагӣ зам карда шуд.
Титан металли хеле қавӣ ва сабук аст. Компонентҳои муҳимтарини ҳавопаймо, ба монанди шассии фуруд аз он сохта мешавад ва дигар қисмҳои муҳаррики ҳавопаймо аз титани тобовар сохта шудаанд.
Чизе барои ҷойгузинӣ вуҷуд надорад
“Боинг”-и амрикоӣ ба таъминкунандагони дигар дар ИМА, Ҷопон, Чин ва Қазоқистон такя мекунад. Дар Ҷопон “Toho Titanium” ва “Osaka Titanium” - бузургтарин истеҳсолкунандагони пас аз “Ависма”-и Русия аллакай дар сатҳи оғозӣ қарор доранд. “Тоҳо” хабар дод, ки он дар пасманзари камбуди ашёи хоми Русия истеҳсолотро афзоиш медиҳад. Фармоишҳои онҳо 20% афзоиш ёфтанд. Аммо имконоти алтернативӣ барои аврупоиҳо хеле маҳдуданд.
“Масалан, дар Қазоқистону Ҷопон танҳо исфанҷ ва шимши титанро пешниҳод мекунанд, амрикоиҳо ва чиниҳо низ талаботи пурраро конеъ карда наметавонанд, бинобар ин Аврупо мабур аст, қарордодҳо бо “Boeing”, “Bombardier” ва дигаронро иҷро кунанд", - шарҳ медиҳад Леонид Хазанов, коршинос дар умури саноат.
Эмбаргои титани Русия ҳам ба истеҳсолкунандагони ҳавопаймоҳо ва ҳам таъминкунандагони калидии онҳо, бахусус “Aernova Aerospace”-и испанӣ, ки бо “SpaceX” ҳамкорӣ мекунад ва истеҳсолкунандаи муҳаррики “Safran”, шарики “Airbus” зарба мезанад.
Чанд муколама
Ба эътиқоди нозирон, “Боинг” бо як изҳороти сиёсӣ дар ниҳоят ба титани Русия бармегардад. Маскав дар ҳар як сенария ақиб нахоҳад монд.
Дмитрий Адамидов, коршиноси мустақили соҳаи авиатсия мегӯяд: "Металл дар анбор ором хоҳад хобид, ин нафту газ нест. Илова бар ин дар маҷмаи саноатии ҳарбӣ ба он талабот зиёд аст. Ва дар авиатсияи гражданӣ истеҳсолот коҳиш хоҳад ёфт".
Вай чунин мешуморад, ки қарори ширкатҳои амрикоӣ дар ҳақиқат бархоста аз вазъияти умумии иқтисодӣ аст. Фармоишҳо барои ҳавопаймоҳо хеле қаблан дода мешаванд ва дар шароити рукуду мушкилот дар иқтисоди ҷаҳонӣ бар асари таҳримҳои зидди Русия талаби махсус дар назар нест. Аз ин рӯ дар айни замон “Boeing” воқеан он чизеро, ки дар саҳҳом аст, ба даст меорад. Аммо Адамидов мутмаин аст, ки баробари тағйири вазъ ширкати "Боинг" ҳамкориро бо Русия оромона барқарор хоҳад кард.
"Эмбарго ба титан метавонад саноати авиатсияи Аврупоро пойин барад. Брюссел бо кормандони хашмгини бахши ҳавопаймоӣ, ки ба эътироз даст мезананд, рӯ ба рӯ мешавад", - меафзояд ӯ.
Саноати титани Русия бошад, ҳамеша метавонад ба дигар минтакаҳо ва соҳаҳои саноат — киштисозӣ, энергетикаи атомӣ, саноати кимиёӣ рӯ орад.