Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Таъсири даҳшатовари ваксинаи зидди коронавирус ошкор шуд

Таъсири ғайриоддии яке аз доруҳои зидди COVID-19 ошкор шуд, ки бо афзоиши антитело ба полиэтиленгликол дар хун алоқаманд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Биологҳои амрикоӣ дар ваксинаи алайҳи коронавирус - "Moderna" таъсири манфӣ ба бадани инсонро кашф карданд. Натиҷаҳои кори онҳо дар портали "medRxiv" нашр шудааст.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, "Moderna" метавонад боиси тавлиди антитело ба системаи масуният ба полиэтиленгликол (PEG - ҳалкунандаи полимерӣ), ки ҷузъи таркиби он аст, гардад.
Коршиносон намунаҳои ҳуҷайраҳои иммунӣ ва хуни даҳҳо нафарро муоина карданд.
Гурӯҳи аввал пеш аз гирифани ваксинаҳои "Pfizer" ва "Moderna" санҷида шуд. Бори дуюм дар давраи пас аз ваксинагирӣ онҳоро озмоиш карданд.
Маълум шуд, ки вокуниши организм ба молекулаҳои полиэтиленгликоли ваксинаҳои "Pfizer" ва "Moderna" гуногун буд. Ҳамин тариқ пас аз моякӯбии охирин дар ихтиёриён антителоҳои полиэтиленгликол дар хун зиёд шуданд.
Гейтс як амалеро ном бурд, ки метавонист пандемияи COVID-19-ро тағйир диҳад
Олимон ният доранд, ки омӯзиши робитаи ғайриоддиро идома диҳанд. Ин барои фаҳмидани он ки аксуламал ба организм чӣ хатар дорад, лозим аст.
Чанде пеш мутахассисон аз Сингапур таъсири ҷиддии ваксинаҳои РНК-ро муайян кард буданд, ки дар ҷавононписарон кашф шуд.
Пас аз таҳқиқоти сершумор, олимон ба хулосае омаданд, ки доруҳо ба илтиҳоби бофтаи дил оварда мерасонанд.
Ҳангоми истифодаи ваксинаҳои "Pfizer" ва "Moderna" чунин беморӣ 4-5 баробар бештар рух медиҳад.
Дар Русия тести беназир барои COVID пайдо шуд
Одатан таъсири манфӣ пас аз ваксина бар зидди COVID-19 аз 1 то 2 рӯз давом мекунад ва баъзан тамоман пайдо намешавад.
Нишонаҳо табларза, дарди сар, хастагӣ ва нороҳатӣ дар ҷои тазриқ мебошад.