Русия ба Шветсия ва Финландия аз пайомади ворид шуданашон ба НАТО ҳушдор дод

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия изҳор доштааст, ки ин кишвар ба Финландия ва Шветсия аз пайомади ворид шуданашон ба НАТО ҳушдор додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Русия мавқеи худро дар мавриди эҳтимоли вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО ба таври возеҳ баён кардааст. Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умурни хориҷии Русия хабар дод.
"Брюссел таҳти сарпарастии Иёлоти Муттаҳида муддати тӯлонӣ кишварҳои номбурдаро ба сохторҳои худ ҷалб кардааст. Тадбирҳо барои воқеан ҷалб кардани онҳо андешида шуданд. Дар ин ҷо ҳеҷ чизи наве нест. Агар онҳо ин роҳро пеш гиранд, кори дигар аст, албатта, он вазъи геополитикиро дар Аврупо, дар наздикии кишвари мо тағйир хоҳад дод", - гуфт вай дар пахши телевизиони "Россия 24".
Ба гуфтаи Захарова, назари Маскав дар бораи ин масъала ҳам ба таври ошкоро ва ҳам аз тариқи шабакаҳои дуҷониба ба Стокҳолму Ҳелсинкӣ расонида шуд, аз ин рӯ "онҳо ҳеҷ чизи тааҷҷубовар нахоҳанд дошт, аз ҳама чиз огоҳ карда шуданд, ки ин ба чӣ оварда мерасонад".
Финландия ва Шветсия дар пасманзари амалиёти вижаи Русия дар Украина дар бораи имкони даст кашидан аз бетарафии дарозмуддати худ ва пайвастан ба НАТО гуфтанд.
Кремл изҳорот дар бораи даъвати Русия ба НАТО-ро шарҳ дод
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, паймон аз дидани ин кишварҳо дар сафҳои худ хушҳол хоҳад буд ва ба онҳо имкони базудӣ пайваст шуданро фароҳам меорад.
Намояндаи доимии ИМА дар НАТО Ҷулиан Смит низ гуфт, НАТО муддати чанд ҳафта ва ё моҳ тасмими худро дар бораи пазируфтани ин ду кишвар ба узвияти созмон эълон мекунад.
Русия идеяи пайвастани ду узви нав ба НАТО-ро манфӣ арзёбӣ кард. Аз ҷумла котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков вуруди Шветсия ва Финландия ба ин паймонро як таҳдиди мавҷуд барои Русия номид.
Ба гуфтаи Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Маскав бояд дар пасманзари талошҳои густариши ҳузури НАТО дар наздикии марзҳои Русия ба иқдомоти таҷовузкоронаи ин созмон омода бошад.