Путин гуфт, ҷои тарабхонаҳои ғарбиро чӣ мегирад

Президенти Русия мегӯяд, иваз кардани тарабхонаҳои тезтайёри хориҷӣ сифати хидматрасониро барои русҳо беҳтар мекунад ва бозорро озод мегардонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Тарабхонаҳои Русия ҷои корхонаҳои рафтаи хориҷиро дар бозори дохилӣ хоҳанд гирифт.
Ва ин боиси болоравии сифати хидматрасонӣ ба русҳо мешавад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Агар онҳо бираванд, дар ҳақиқат, имкониятҳо бештар мешаванд, бозор озод мешавад. Ман 100% итминон дорам, ки иваз кардани соҳибону истеҳсолкунандагони хориҷӣ боиси беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба шаҳрвандони мо мешавад", - гуфт Путин дар ҷаласаи Шӯрои нозирони платформаи президентии "Русия сарзамини имкониятҳо".
Илова бар ин, ба гуфтаи кишвардори Русия, бисёре аз корхонаҳои ғизои хориҷӣ “50%, 60% ва баъзеҳо тақрибан 90%” аз маҳсулоти Русия истифода мекунанд:
"Ба ҳар ҳол мо рушди ин навъи фаъолиятро дастгирӣ хоҳем кард. Ин маҳз ба минтақае дахл дорад, ки ҳамарӯза серталаб аст. Ҳама мехоҳад ҳар рӯз хӯрок бихӯрад ва бештар аз як бор дар як рӯз", - хулоса кард ӯ.
"McDonald's" тарабхонаҳояшро дар Русия баст, аммо гуфт муваққатан
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Дар ин росто "McDonald's" машҳуртарин тарабхонаи тезтайёр эълон кард, ки тамоми 850 тарабхонааш дар қаламрави Русияро муваққатан мебандад.
Ҳамчунин ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ ва ба дунболи ин як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард.
Ҳукумати Фаронса барои кумаки низомӣ ба Украина сад миллион евро харҷ кард
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро маҳдуд ва баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард.
Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд. Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани хабарро тавассути манобеи русии "Russia Today" ва "Sputnik" манъ ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд.
Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуду вуруди онҳо ба қаламрави худро низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав карда мешавад.