Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон додрасҳо дар ВМКБ ва Суғдро барканор кард: сабаб

Додрасҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд ва ноҳияи Шоҳманср аз вазифаашон озод шуданд: дафтари матбуотии президент сабабашро гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон, се додрасро аз вазифа барканор кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меҳмон Аловиддин Бозгул аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуд.
Сабаби барканории додрасро дафтари матбуотии президент расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан гуфтааст.
Содиқона хидмат кунед: Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дод
Ҳамчунин Раҳимзода Абдусалим аз вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд озод гардид.
Зимнан бо фармони кишвардор Умарзода Ирода Бахтиёр аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барканор шуд.
Раҳмон дар соҳаи маориф тағйироти кадрӣ анҷом дод: киҳо вазифа гирифтанд
Сабаби барканории додрасҳои ноҳияи Шоҳмансур ва Кӯҳистони Мастчоҳ вазъи саломатӣ гуфта мешавад.