Раиси Суғд аз мудири "Зарафшон" хост, тавлиди тилою ҷои корро бештар кунад

Роҳбарияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - "Зарафшон" ваъда дод, ки то соли 2023 дар Суғд корхонаи нави тавлиди металҳои қиматбаҳоро фаъол хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Жан Яомин, роҳбари калонтарин корхонаи тавлидкунандаи тило дар Тоҷикистон - "Зарафшон" густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи итилои ҳукумати Суғд, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бунёди корхонаи иловагии металлургӣ, иҷрои удадориҳои корхона ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот буданд.
Аҳмадзода дар хитоб ба Яомин изҳор доштаст, ки дар Тоҷикистон бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ, эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат ба рушди соҳаи саноат ва ташкили корхонаҳои нав таваҷҷуҳи зиёд равона гардида истодааст.
Дар мулоқот ҳамчунин аз нақши корхонаи муштараки "Зарафшон" дар рушди хоҷагии халқи шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории корхона дар бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ зикр шудааст.
Корхонаи нави тилобарорӣ дар Тоҷикистон фаъол шуд: Раҳмон хост, қоидаҳо риоя шаванд
Жан Яомин таъкид намудааст, ки феълан дар корхонаи муштарак 3 ҳазор нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин буда, корҳо дар самти бунёди корхонаи нави металлургӣ идома доранд.
Дар назар аст, ки таҷҳизоти замонавии истеҳсоли кишварҳои пешрафта ворид карда шаванду то охири соли 2023 корхонаи нав пурра барои истифода омода гардад, афзуд мудири "Зарафшон".
Раҷаббой Аҳмадзода муҳим хондааст, ки иқтидор ва имконоти мавҷуд самаранок истифода бурда шаванду давра ба давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд ва барои коргарони корхона шароити беҳтар фароҳам гардад.
Маврид ба зикр аст, корхонаи муштараки "Зарафшон", ки қисмати аъзами саҳмияҳояш ба ширкати чинӣ тааллуқ доранд, калонтарин тавлидкунандаи тило дар Тоҷикистон буда, наздики 70 дарсади тилои тавлидотии кишвар ба он рабт дода мешавад.