Миёни муҳоҷирон дар Русия як тамоюли нав мушоҳида шуд

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки шаҳрвандони хориҷӣ ба гирифтани асноди зарурӣ дар кишвар масъулияти баланд нишон медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Хориҷиён дар Русия бештар сабти ном мешаванд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Русия хабар доданд.
Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки мақомотро дар бораи ворид шудан ба ин кишвар огоҳ кардаанд, аз аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ду баробар бештар аст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ беш аз 3,5 миллион нафар ба қайд гирифта шудаанд, дар ҳоле ки дар 3 моҳи аввали соли 2021 тақрибан 2 миллион нафарро ташкил додааст.
Ҳамчунин даъватномаҳо ҳам ба хориҷиён ва ҳам ба шахсони бешаҳрванд бештар дода шудаанд. Дар давраи зикршуда Вазорати корҳои дохилӣ ба 66 ҳазор хориҷӣ ҳуҷҷат додааст. Соли 2021 ин нишондод ба 32 ҳазор баробар буд.
Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуни Путин дар бораи шаҳрвандиро қабул кард: тафсилоти тағйирот
Илова бар ин муҳоҷирон бештар барои гирифтани раводид муроҷиат кардаанд. Аз моҳи январ то марти соли 2022 теъдоди чунин ҳуҷҷатҳо ба 56 ҳазор (дар соли 2021 30 ҳазор) расидааст.
Теъдоди хориҷиёне низ, ки патент гирифтаанд, афзудааст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз аввали соли 2022 то кунун 515 ҳазор (соли гузашта – 230 ҳазор) патент додаанд. Шумораи иҷозатномаҳои иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи иқомат низ зиёд шуд.
Бояд гуфт, агар муҳоҷир дар Русия ин ҳуҷҷатҳоро нагирад, пас вай қонунҳои ин кишварро нақз мекунад.
Теъдоди муҳоҷироне, ки метавонанд Русияро тарк кунанд, маълум шуд
Дар ин ҳолат шаҳрвандонро муҷозот - ҷарима ё ихроҷ аз Русия интизор аст. Қаблан маълум шуда буд, ки аз аввали соли 2022 теъдоди қонуншиканиҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия чанд баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи роҳбари Маркази тадқиқоти таҳлилӣ ва амалии равандҳои муҳоҷират Вячеслав Поставнин, ба ин раванд ба поён расидани қоидаҳои муваққатии дар давраи пандемияи коронавирус муқарраршуда таъсир расондааст.