Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия макони иғвогарии навбатии даҳшатовар дар Украинаро эълон кард

Департаменти низомии Русия мубодилаи маълумоти фаврӣ дар бораи саҳнасозиҳои ба нақша гирифташудаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро идома медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Хадамоти вижаи Украина боз як иғвои даҳшатноки дигарро барои айбдор кардани Русия омода мекунад, гуфт генерал-полковник Михаил Мизинтсев, раиси Маркази назорати миллии дифои Украина.
Ба гуфтаи ӯ, намоишномаи нав, ки аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Украина омода мешавад, бояд дар вилояти Одесса сурат гирад.

"Дар ояндаи наздик дар назар аст, ки ба яке аз воҳидҳои ХАУ либоси низомиёни Русия пӯшонида ва қатли намоишии сокинони маҳаллӣ анҷом дода шавад", - гуфт генерал-полковник.

Вай афзуд, хабарнигорони оҷонсиҳои хабарии Украина ва ғарбӣ ба макони иғво фиристода хоҳанд шуд, то "ваҳшигариҳои Русия"-ро сабт кунанду ин мавзуъ дар расонаҳо таблиғ шавад.
Ин нақшаҳо, ба гуфтаи Мизинтсев, муносибати ғайриинсонии мақомоти Киевро нисбат ба сарнавишти шаҳрвандони худ нишон медиҳанд.
Қаблан Вазорати дифои Русия дар бораи иғвоҳои тарҳрезишуда, бар асоси далелҳои оперативӣ, суҳбат карда буд.
Буча – як иғвои зиддирусии дорои "се нимкоса"
Ба ин тартиб, ба гуфтаи ин ниҳод, дар рӯзи Пасхаи православӣ Украина якҷо бо як қатор кишварҳои ғарбӣ дар вилоятҳои Запороже, Николаев, Одесса, Сума ва Харков омодасозии намоишномаҳоеро дар барнома дорад.
Вазорати дифоъ тавзеҳ дод, ки низомиёни украинӣ қасд доранд, шаби 24 апрел ба маъбадҳо аз миномёт тирпаронӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки машҳуртарин иғвои мақомоти Украина саҳнасозӣ як куштор дар деҳаи Буча буд.
Лавров: Русия режими Украинаро тағйир доданӣ нест
Баъдан дар нашрияҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо ҷасади сокинони кушташуда дар атрофи Киев тасвир шудааст. Ғарб бо шитоб артиши Русияро дар куштори мардум айбдор кард.
Вазорати дифои Русия видеоҳои нашршударо аз иғвогариҳои режими Киев хонда ва ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар замони таҳти назорати артиши Русия будани ин шаҳрак ягон сокини ин шаҳр осеб надидааст.