ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон (КАМ) бо иттиҳоми ҷосусӣ, хиёнат ба давлат, ҷамъоварӣ ва ифшои сирри давлатӣ гурӯҳеро боздошт кардааст.
Гуфта мешавад, ки миёни онҳо як шаҳрванди хориҷӣ низ будааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ба иттилои дафтари матбуотии КАМ, дар ҳамаи парвандаҳои ҷиноӣ муҳри "махфӣ" гузошта шудааст.
"Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми 1-и моддаи 175 (хиёнат ба давлат), 176 (ҷосусӣ) ва қисми 3-и моддаи 185 (ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан ва ифшои сирри давлатӣ)-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст", - гуфтанд дар раёсат.
Кумита ҳамчунин қайд карда, ки маълумоти боқимонда махфӣ буда, ба манфиати тафтишот ифшо намешавад.
Қаблан, 3 апрел Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дода буд, ки рӯзи 25 март дар Нурсултон як агенти истихбороти хориҷӣ боздошт шудааст, ки қасди сӯиқасд ба ҷони президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро доштааст.
"Истихбороти дохилии КАМҚ як агенти иктишофии хориҷӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии "А"-ро боздошт кард, ки нияти сӯиқасд ба ҷони раисҷумҳури Қазоқистонро дошт", - гуфта мешавад дар изҳороти хадамоти махсус. Маълум аст, ки боздоштшуда қасди анҷоми куштори теъдоде аз ходимони баландпояи давлатиро низ доштааст.