Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Аз нархи гарон то қочоқ: мушкилоти ҳалношудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон маълум шуд

Мутахассис гуфт, ки барои истиқрори сулҳи пойдор дар минтақа кадом масъалаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд ҳал шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Имзои асноди фарогире дар сатҳи давлатӣ, ки одатан пас аз даргириҳои марзии ду ҷониб сурат мегирад, масъаларо ҳал нахоҳад кард.
Дар ин бора дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Станислав Притчин, ходими калони илмии Маркази пажуҳишҳои пасошӯравии Академияи илмҳои Русия, номзади улуми таърих изҳори назар кард.
Ба эътиқоди ин коршинос, нотавонии санадҳои расмӣ барои ҷилавгирӣ аз хусумати даврӣ дар марз ба чанд омил марбут аст.
Ҳамин тариқ сарҳади вилоятҳои Суғду Бодканд аксари вақт аз байни хонаҳо мегузарад ва пайдо шудани сарҳади давлатӣ дар соли 1991 зиндагии шаҳрвандони маҳаллиро бамаротиб мушкил кард.
Коршинос ҳамчунин зикр кард, ки дар қаламрави Қирғизистон анклавҳои тоҷикон вуҷуд доранд, ки иртиботашон бо Тоҷикистон мушкил аст.
Илова бар ин захираҳои об ба як масъалаи ҷиддие табдил ёфтаанд, зеро манбаъҳо барои ҳар ду ҷониб аксари вақт яксонанд.
Узвияти Қирғизистон дар ИИАО низ мушкил ба бор меорад.

"Нархи як қатор молҳо дар Қирғизистон бамаротиб поинтар аст, ба сабаби фазои ягонаи гумрукӣ ва Қирғизистон аз он истифода мекунад. Дар Тоҷикистон нархҳо мутаносибан гаронтар буда, барои қочоқ заминаҳои иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд", - шарҳ дод мутахассис.

Илова бар ин Притчин ба мушкилоти қочоқи маводи мухаддир ишора мекунад, ки то имрӯз боқист.
Барои ҳалли мушкилоти дар боло зикршуда олим пешниҳод мекунад, ки кори мунтазам на танҳо дар сатҳи давлатӣ, балки дар сатҳи ҷамоатҳои маҳаллӣ низ оғоз карда шавад.
Чаро марзи Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд ба макони даргирӣ табдил меёбад? Видео
"Яъне, ин ҷо суол ин аст, ки раҳбарони ҷамоатҳои маҳаллии ҷониби қирғиз ва тоҷик бояд пайваста дар тамос бошанд, то қоидаҳои ягонаи рафтор дар нисбати ҳамдигар, принсипи ягонаи қабули қарор дошта бошанд", - гуфт Притчин. .
Ёдовар мешавем, ки 12 апрел, соати 18:20 дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Зафари Хистеварз, дар рӯ ба рӯи деҳаи Ҷан-Ҷери ҷамоати Кулундуи ноҳияи Лайлак тирпаронӣ рух дод.
Роҳи дигар нест: Раҳмон аз пешрафту мушкилоти музокироти марзӣ бо Қирғизистон гуфт
Сабаби муноқишаи мусаллаҳона бархӯрди лафзии миёни сардори отряди марзбонии Қирғизистон дар Кулунда бо марзбонони тоҷик будааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 6 нафар аз ҷониби Қирғизистон ҷароҳат бардошта, се марзбони тоҷик низ захмӣ шудаанд, ки ду нафари онҳо аҳволи вазнин доранд. Дар пайи ин ҳаводис як сарбози захмии тоҷик ҷон бохт.