Туркия алайҳи курдҳо дар Ироқ амалиёти низомӣ оғоз кард

Артиши Туркия амалиёти нави низомӣ алайҳи Ҳизби коргарони Курдистонро дар шимоли Ироқ таҳти унвони "Қалъаи чангол" оғоз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Вазорати дифои Туркия аз оғози амалиёти нави низомӣ алайҳи ҷангиёни Ҳизби коргарони Курдистон хабар дод. Дар ин бора хабаргузории Туркия, "Anadolu" иттилоъ додааст.
Ба навиштаи манбаъ, дар ин амалиёт, ки дар шимоли Ироқ ҷараён дорад, нерӯҳои вижа ва нерӯҳои ҳавоӣ ширкат доранд.
Вазири дифои Туркия Ҳулусӣ Акар гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ба паноҳгоҳҳо, бункерҳо, нақбҳо, ғорҳо ва анборҳои Курдистон бомуваффақият анҷом дода шуданд.
Ӯ итминон дод, ки амалиёт бомуваффақият ҷараён дорад, тибқи нақша, ҳадафҳои марҳилаи аввал амалӣ шуданд.

"Мо азм дорем, миллати шарифамонро аз вабои террористие, ки 40 сол боз кишварамонро фаро гирифтааст, наҷот диҳем. Муборизаи мо то безарар гардонидани охирин террорист идома хоҳад дошт", - таъкид кард вазир.

Ба гуфтаи Вазорати дифои Туркия, ин амалиёт "танҳо алайҳи террористон" (Ҳизби коргарони Курдистон дар Туркия ва як қатор кишварҳои дигар ҳамчун ҳизби террористӣ эътироф шудааст) пиёда шудааст.
Ин дуюмин амалиёти Туркия алайҳи курдҳои Ироқ аст. Амалиёти аввалинро апрели 2021 анҷом дода буд.
Даргириҳои мусаллаҳона бо Ҳизби коргарони Курдистони мамнуъ дар Туркия соли 1984 оғоз шуда, соли 2015 аз сар гирифта шуд. Худи ин созмон соли 1978 таъсис ёфта, ҷонибдори озодию худмуайянкунии миллии курдҳо дар Туркия аст. Илова бар ин ҷунбиши мазкур дар Сурия ва Ироқ, ки дар он ҷо курдҳои зиёде низ зиндагӣ мекунанд, мустақар шудааст.
Пойгоҳҳои Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқ ҷойгир буда, нерӯҳои мусаллаҳи Туркия алайҳи онҳо амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ анҷом медиҳанд.
Қаблан раисҷумҳури Туркия Тайиб Эрдуғон гуфта буд, ки аз моҳи июли соли 2015 то кунун ҳудуди 6 ҳазор узви Ҳизби коргарони Курдистон дар дохили ин кишвар ва 6,9 ҳазор нафар дар хориҷ аз он кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол талафоти нерӯҳои амниятии Туркия дар бархӯрдҳо бо ин ҳизб дар маҷмуъ беш аз 1,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.