ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба баргузор кардани ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви ИДМ омодагӣ мебинад.
Ба гузориши ин ниҳод, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ, ки хоҳишманди иштирок дар ин чорабинӣ ҳастанд, бояд то санаи 5 май худро номнавис кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 13 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.
Ҷаласаи мазкур маъмулан дар як сол ду бор баргузор мегардад.
Ҳамин тариқ рӯзи 13 май ҷаласаи шӯро дар Душанбе ва рӯзи 13 октябр дар Нурсултон баргузор хоҳад шуд.
Интизор меравад, вазирони кишварҳои ИДМ дар ин нишаст мавзуъҳои байналмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ кунанд. Илова бар ин вазъи Украина низ баррасӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки қаблан гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоеви сурат гирифта буд.
Вазирон на танҳо дар бораи ҳодисаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳарф задаанд, балки дар чаҳорчӯби суҳбат ба мавзуи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ, ки 13 майи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, дахл карданд.