Оҷонсӣ як заминсозро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кард

Мақомот як заминсозро дар шимоли Тоҷикистон дастгир кардаанд, ки дар ду мавриди қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматияш муттаҳам мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон мутахассис-заминсози ҶДММ “Кошиф-2017”- ро боздошт кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, номбурда дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров 7000 сомонӣ талаб намуда, гирифтааст.
Ин ниҳод мегӯяд, боздоштшуда кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, аз корафтодаи дигар низ маблағ талаб кардааст.

"Ӯ барои гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин 5000 сомониро дар ҳудуди ноҳияи Б. Ғафуров тасарруф ва барои эҳтиёҷоти шахсияш сарф намуд, ки дар натиҷаи ин кирдори ғайриқонуниаш ба охирон зарари ҷидии моддӣ расонд", - афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои "в" ,"г"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Барои таҳияи шиносномаи замин пул талаб кард: боздошти боз як корманди давлатӣ дар Вахш
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 соли зиндон, бидуни ҳуқуқи ишғоли мақомҳои муайян то 5 солро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 64 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод ахиран бо иттиҳоми қаллобӣ раҳбари як ҷамоатеро дар ноҳияи Кӯшониён боздошт карда буд.
Оҷосӣ гуфт, боздоштшуда барои ғайриқонунӣ додани замин аз як шаҳрванд 35 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.