ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Нархи маҳсулоти ғизоӣ дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба андозаи 3,9% гарон шуд, хабар дод Ожонси омори ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти ғайриғизоӣ 1,5% гарон шудаанд, аммо хадамоти пулакӣ барои аҳолӣ ба андозоаи 0,3% арзон шудааст.
Дар феҳрасти озуқавориҳое, ки беш аз ҳама гарон шудаанд, сабзавот (21,1%), шакар "10,1%), шир (9,9%), маҳсулоти нонӣ (5,5%), моҳӣ (5%) ва меваҷот (2,5%) номбар шудаанд.
Аз миёни маҳсулоти ғайриозуқа нархи доруворӣ 7,6%, сӯзишвории дизелӣ 8%, бензин 2,9% боло рафтааст.
Масъулини бахши омор коҳиши нархи хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолиро дар семоҳаи аввали соли равон ба коҳиши нархи гази моеъ ба андозаи 5,9%, хидматрасониҳои бахши нақлиёт - 0,9%, аз ҷумла хидмати нақлиёти ҳавоӣ ва мусофирбарӣ рабт медиҳанд.
Дар маҷмуъ ба ҳисоби миёна сатҳи таваррум 2,4%-ро ташкил додааст, ки аз ин ба моҳи март 1,7% рост меояд. Дар моҳи январ 0,5% ва феврал 0,2%-ро ташкил додааст.
Бо вуҷуд дар маҷмуъ сатҳи таварруми семоҳа дар Тоҷикистон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 0,9% камтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон нақша гузоштааст, ки сатҳи таваррумро дар ҷамъбасти соли 2022 дар сатҳи 6% бо эҳтимолияти 2% кам ё беш нигоҳ дорад. Соли 2021 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 8% баробар буд.
Ин дар ҳолест, ки Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, сатҳи таваррум дар соли равон то ба 15% баробар хоҳад шуд. Ин ниҳоди молӣ мегӯяд, рушди маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз 9,2%-и соли гузашта то ба 2% дар соли равон поин меравад. Пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2023 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 10% баробар хоҳад шуд.