Аз либосу пойафзол то маблағу ширинӣ: туҳфаи президент ба ятимони Исфара ва Конибодом

Вохӯрӣ ва мулоқоти роҳбари давлат бо ятимони кул дар бинои меҳмонхонаи "Ширин", ки бо ҳузури президент мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, барпо гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Исфара маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи "Ширин"-ро ифтитоҳ кард.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи ин бино бо ятимони кул, ки дар мактаб-интернатҳои шаҳрҳои Исфара ва Конибодом таълиму тарбия мегиранд, вохӯрӣ намуд.
Гуфта мешавад, роҳбари давлат ба 50 нафар аз ҷавонону наврасон, ки бо амри тақдир аз падару модар ятим монаанд, туҳфа тақдим намуд.
Манбаъ меафзояд, туҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим аз сарулибоси мактабӣ, пойафзол ва шириниҳо иборат буд.
Раҳмон дар Исфара ду коргоҳи пойафзолбарорӣ ифтитоҳ кард
Илова бар ин дар маркази мазкур барои ятимон зиёфат ороста шуда, ба ҳар кадоми онҳо аз ҷониби роҳбари давлат кумаки пулӣ расонда шуд.
Дар ҳамин ҳол ятимони кулли шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба роҳбари давлат иброз намуданд, ки дониши амиқ омӯхта дар оянда, ба халқу Ватан хидмат хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон субҳи рӯзи 14 апрел сурат гирифт. Ҳоло Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара қарор дорад ва аллакай чандин иншоотро мавриди истифода қарор дод. Аз ҷумла ду коргоҳи пойафзолбарориро ифтитоҳ кард, ки солона имкони истеҳсоли беш аз 100 ҳазор ҷуфт пойафзолро доранд.