Оқибат номаълум: Раҳмон аз вазъи пешгӯинашавандаи ҷаҳонию нақшаи амали Тоҷикистон гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъбасти сафари чорӯзааш ба вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолон машварати корӣ баргузор карда, аз вазъи ҷаҳону кишвар гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҳолати бамиёномадаи мураккаб дар ҷаҳон ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонда истодааст.
Ин нуқтаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилоят Суғд баён дошт.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон гуфт, мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошад.
Дар чунин ҳол Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони вазорату идораҳо ва масъулини Суғд хост, барои коҳиши таъсири омилҳои беруна тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Аз ҷумла фаровонии бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирии болоравии беасоси нархҳо аз ҷумлаи дастурҳои раисҷумҳур будаанд.
Ӯ роҳбарони шаҳру ноҳияҳоро муваззаф кардаст, ки дар рӯзҳои авҷи мавсими киштукор тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ сафарбар намоянд.
Раҳмон масъалаи муҳимтарини рӯзро барои Тоҷикистон ном бурд
Барои рушду пешрафти соҳаҳо бахусус соҳибкории хурду миёна, зарур шумурда шуд, ки корҳо ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат ташкилу ба роҳ монда шаванд.
Раисҷумҳур ҳамчунин вазъи беҳдоштию иҷтимоиро таҳлил карда, барои боло бурдани сифати таълим ва дар соҳаи тандурустӣ беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ супориш додааст.
Дар машварати корӣ назди роҳбарону фаъолони кишвар вазифа гузошта шудаст, ки корро дар байни аҳолӣ дар самти пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб таҳким бахшанд.
Бо ҳамин ҷаласа сафари кории чоррӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд поён ёфт. Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ мегӯяд, дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бӯстон, Исфара, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт боздид карда, 49 коргоҳу корхонаи нави саноатиро мавриди истифода қарор дод.