ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Нерӯҳои дифои ҳавоии Русия як ҳавопаймои низомии нақлиётии Украинаро, ки аз таҷҳизоти низомии ғарбӣ пур буд, сарнагун карданд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод.
"Системаҳои дифои ҳавоии Русия дар вилояти Одесса як ҳавопаймои низомии нақлиётии Украинаро дар ҳаво сарнагун карданд, ки як гурӯҳи бузурги силоҳҳои тавлиди кишварҳои ғарбиро ба Украина интиқол доданӣ буд", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, ду ҳавопаймои бесарнишини украинӣ дар болои маҳалҳои аҳолинишини Лозовая ва Веселая сарнагун карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.