ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Давраи бақайдгирии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ то 30 апреди соли равон тамдид шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Маркази миллии тестӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бинобар зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон, муҳлати бақайдгирӣ то 30 апрел тамдид карда шуд.
Манбаъ меафзояд, хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирӣ бо рӯйхати комбинатсияҳои ихтисоси интихобнамудаи худ омода намоянд ва баъдан ба нуқтаҳо бақайдгирӣ раванд.
"Бо мақсади сарфаи вақти худу кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ аз хидматрасонии "Пешномнависӣ", ки дар сомонаи марказ дастрас аст, истифода намоед", - омадааст дар хабари ММТ.
Илова бар ин ба довталабон тавсия дода шудааст, ки бо маълумоти омории ҷараёни бақайдгирӣ, ки дар сомонаи марказ ҷо дода шудааст, шиносоӣ пайдо кунанд.
Ин марказ ҳамчунин имкон медиҳад, ки дар давраи бақайдгирии тамдидшуда, довталабон метавонанд интихоби қаблии худро тағйир диҳанд.
Қаблан, Маркази миллии тестии Тоҷикистон бо муроҷиатномаи махсус аз кулли довталабон дархост карда буд, ки ба қаллобон ҳангоми имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳо бовар накунанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки шаффофияту адолатро муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) кафолат медиҳад.