ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҳавои ВМКБ тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ , ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5 -10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад Дар қисмати шарқӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гармӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20, рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 13-15 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм мешавад.