“Сиёсат чиркинтарин кор”: хотираҳои Маҳкамов аз баҳманмоҳ, истеъфо ва гила аз ҳамсафон

Қаҳҳор Маҳкамов коммунисти рақами яки Тоҷикистон бовар дошт, ки кишварҳои пасошӯравӣ боз бо ҳам меоянд ва ҷаҳон ба ду қисм - ин сӯи уқёнус ва он сӯи об тақсим мешавад
Sputnik
Агар умр вафо мекард, нахустин ва охирин президенти Тоҷикистони Шӯравӣ имрӯз 90-сола мешуд. Қаҳҳор Маҳкамовро халқи тоҷик чун коммунисти вафодор, сиёсатмадори раҳмдил ва президенти хоксор дар хотир нигоҳ медоранд.
Қаҳҳор Маҳкамов замоне президент шуд, ки ин кишвар ҳанӯз дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, бинобар ин баъдтар ӯро "президенти аввалин ва охирини ҶШС Тоҷикистон" номиданд.
Sputnik Тоҷикистон хотираҳои Қаҳҳор Маҳкамовро дар бораи солҳои раҳбарӣ, ҳодисаҳои баҳманмоҳ ва истеъфояш гирд овард.

“Забони тоҷикиро нағз намедонам”

Қаҳҳор Маҳкамовро дар доираҳои сиёсӣ барои надонистани забони тоҷикӣ борҳо танқид кардаанд. Дар ҳимояи ин интиқодот Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбат бо рӯзноманигорон ин нуқсонашро ба набуди мактаб ва шароити таҳсил рабт дод.
Ӯ гуфт, соли 1941, вақте ки Ҷанги дуввуми ҷаҳон сар шуд, дар синфи савум мехонд ва аксари омӯзгорон барои ҳимояи Ватан ба ҷанг рафтанд. Мактабе ҳам, ки дар он Қаҳҳор Маҳкамов таҳсил мекард, солҳои 1942-43 ба госпитали ҳарбӣ табдил дода шуд.
“Моро ба дигар мактаб гузарониданд ва афсӯс, он ҳам сӯхт. То соли 1947 ман дар ҷое таҳсил накарда будам", - ба ёд овардааст президент.
Барои боз ба саҳнаи донишомӯзӣ бозгаштани президенти ояндаи Тоҷикистон тағояш – бародари модараш сабаб шуд.
“Вақте тағоям пурсид, ки ман чӣ кор мекунам, гуфтам, "ҳоло шогирд ҳастам ва мехоҳам, ронанда шавам”.
Ҳамин тавр тағои Маҳкамов, ки зеҳни тезу дониши амиқи писарбачаро аз хурдӣ кашф карда буд, бо иҷозати модараш Қаҳҳорро барои идомаи таҳсил бо худ ба шаҳри Сталинобод овард.
10 нуқтаи ҷолибтарини интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон
Дар пойтахт Қаҳҳор Маҳкамов ба мактаби техникуми саноатӣ дохил шуд.
Қаҳҳор Маҳкамов бовар дорад, ки донистани забони русӣ барои мардуми Тоҷикистон муҳим аст. Ӯ мегӯяд, дар даврони шӯравӣ аз ҷониби мирҳои русиягӣ боре ҳам дахолат ба бартарӣ додан ба забони русӣ нашудааст. "Мо озодона ба забони тоҷикӣ суҳбат мекардем", - мегӯяд президент.
Замони тасдиқи Қонуни забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ Маҳкамов онро ба таъхир гузошт ва таъкид дошт, дар кишваре, ки он замон 30 дарсади аҳолиашро русзабонон ташкил медоданд, ин амал мувофиқи мақсад набуд.
"Дар даврони шӯравӣ дар ҳар деҳаю қишлоқ муаллими забони русӣ буд. Ҳеҷ кас бесавод набуд, ҳама дорои маълумот буданд", - мегӯяд Маҳкамов.

“Аз ягон кори кардагиям пушаймон нестам, лекин...”

Қаҳҳор Маҳкамов пас аз истеъфои худ аз ҳама гуна мусоҳибаҳо ва вохӯриҳо бо рӯзноманигорон худдорӣ мекард ва ба қавле сукутро ихтиёр карда буд.
Танҳо пас аз 23 соли сукут нахустин президенти Тоҷикистон соли 2014 дар дидори вижа дар маҳфили“Муколамаи тамаддунҳо” бо рӯзноманигорон суҳбат кард.
Дар ин суҳбаташ президент шарҳ дод, ки чаро аз дидор бо рӯзноманигорон ҳазар мекард.
Ба гуфти Маҳкамов ӯ ду маротиба ба журналистон суҳбат карда буд, вале аз суханҳое, ки гуфта буд пас аз нашр чизе боқӣ намонд.
Дар ин суҳбаташ Қаҳҳор Маҳкамов мегӯяд, аз ягон кори кардааш дар мақоми президентӣ, пушаймон нест.
Орзуи Қаҳҳор Маҳкамов ва қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Сиёма”
“Агар фикр карда гӯям, аз ягон кори кардагиям пушаймон нестам. Лекин ҳамин дар сари дили ман он корҳое истодааст, ки тамомашон карда натавонистам: ин сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ва нақби “Анзоб” аст.
Маҳкамов гуфт, тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар давоми 10 сол омода карда шуд.
Моҳи декабри соли 1979 Совети вазирони ИҶШС ин тарҳро тасдиқ кард.
Ба иттилои президенти собиқ, сметаи нерӯгоҳ 1 миллиарду 347 миллион суми советиро ташкил медод.
Ба гуфти Қаҳҳор Маҳкамов то соли 1989 корҳо дар нерӯгоҳи "Роғун" хуб ҷараён дошт ва ба кор даровардани агрегати аввал низ наздик буд. Он давра плотина то 30 метр бардошта шуда буд ва нақша буд то 120 метр баланд карда шавад ва агрегати якум ба кор дароварда шавад.
"Соли 1989 директори сохтмон назди ман омад ва гуфт мардум намегузоранд, ки мо корро идома диҳем", - гуфт Маҳкамов ва афзуд, ки ба кӯшишҳои ӯ нигоҳ накарда мардум, ки талаб мекарданд онҳоро аз шаҳри Роғун накӯчонанд, боз ба эътироз баромаданд ва корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" қатъ шуд.
Ба гуфти Қаҳҳор Маҳкамов то ҳамин замон агрегати аввали нерӯгоҳ аллакай омода буд.
"Соли 1991 баъди аз кор рафтани ман он ҷо ғоратгарӣ сар шуд. 700 автосамосвал, экскаватор ҳамаро зада гирифта ба макони оҳанфурӯшӣ бурдаанд".
Мероси сиёсии Қаҳҳор Маҳкамовро дар мақоми президенти Тоҷикистон зидду нақиз арзёбӣ мекунанд. Ҷонибдорон ва доираҳои ба президенти марҳум наздик аз ӯ ба унвони як инсони донишманд, раҳмдил ва рӯшанфикру бомулоҳиза ёд мекунанд.
Мунаққидонаш бошад, ӯро дар беиродагии сиёсӣ, заифӣ дар баробари чолишҳои даврони нав, шурӯи хушунатҳои солҳои 1990-уми Тоҷикистон ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор мекунанд.

Ҳодисаҳои баҳманмоҳ аз забони Қаҳҳор Маҳкамов

Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбаташ бо рӯзноманигорон мегӯяд, заррае ҳам бовар надошт, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ мешавад. Ба қавли марҳум, ҳатто сухане дар бораи ноором шудан ё норизо будани мардум боре ҳам на аз Вазорату идораҳо ва на аз Кумитаи амният намешунид.

“Кумитаи бехатарӣ ягон бор ба ман мактуб ҳам нанавишта набуданд ва нагуфта буданд, ки аҳвол дар ҷумҳурӣ муташанниҷ мешавад, агар мегуфтанд, мо бештар аҳамият медодем”, - гуфт Қаҳҳор Маҳкамов.

Замони дар мақом буданро ба ёд оварда Қаҳҳор Маҳкамов мегӯяд, тамоми нерӯи худро барои кор сарф мекард ва бо мардум ҳам ҳар сол дар аввали фасли баҳор дидору мулоқот менамуд.
“Ҳар баҳор мо ба ноҳияҳо сафар мекардем, рафти пахтакориро назорат мекардем ва бо мардум суҳбат меоростем. Боре ҳам ман аз забони касе ягон шикоят ё ишорае барои ноором шудани вазъият нашунидаам”, - гуфт Маҳкамов.
Оғози баҳманмоҳро ба ёд оварда, Маҳкамов мегӯяд, 10 феврал рӯзи якшанбе дар кабинеташ буд ва бо коғазхониҳо машғул буд. Навбатдор даромада ба президент расонидааст, ки дар пеши бинои Кумитаи марказӣ мактаббачаҳои бисёр ҷамъ омадаанд ва президентро мепурсанд.
События в Душанбе в феврале 1990 года
“Баромадам ки асосан талабаҳои мактабҳое, ки ҳунар меомӯзанд як 200- 300 нафар буданд. 5-6 кас бо овози баланд гуфтанд барои чӣ шумо хонаҳои моро ба арманиҳо медиҳед”, - ба ёд меорад президент.
Бо ҳамин Маҳкамов мегӯяд талаб кард, то ӯро бо қазия рӯшантар ошно созанд ва бо мардум дидор кунад, вале нашуд.
Ба гуфти Маҳкамов он солҳо бе Маскав ягон масъала ҳал намешуд ва раҳбари он замон Михаил Горбачёв ҳар рӯз занг зада аз вазъият мепурсид ва таъкид мекард, ба мардуме, ки ба майдон мебароянд нарасед, вале барои ҳалли қазия чизе пешниҳод намекарданд.
Ба суоли рӯзноманигорон дар бораи таълифи китоб дар бораи оғози ҷанги шаҳрвандӣ, Қаҳҳор Маҳкамов мегӯяд, "якумаш ман нависанда нестам ва дуюм ин ки ман ҳақиқати он вақтро навиштан наметавонам барои ҳамин ман ҳеҷ чиз наменависам".

Истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов зери фишор – “сиёсат чиркинтарин кор дар ҷаҳон аст”

Президенти аввалини Тоҷикистони Шӯравӣ Қаҳҳор Маҳкамов, котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунист шуд. Шӯрои олӣ ӯро 30-юми ноябри соли 1990 интихоб кард. То он рӯз 5 сол масъулияти раҳбарии кишварро дошт.
Майрам ҳамсари Раҳмон Набиев: шавҳарам зери таҳдид аризаи истеъфояшро навишт
Узви вафодори ҳизб, ки бо дастури Маскав кор мекард, натавонист, ба вазъи босуръат тағйирёбандаи сиёсӣ мутобиқ шавад.
Ба гуфти доираҳои ба марҳум наздик, Қаҳҳор Маҳкамов бисёр инсони раҳмдил буд ва шояд ҳамин хислаташ буд, ки натавонист ба фишори мухолифон тоб оварад. Зимни истеъфои худ Қаҳҳор Маҳкамов гуфта буд, “агар истеъфои ман барои тинҷу ором шудани вазъият кумак кунад, ман меравам, вале шумо пушаймон мешавед”.
Нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон 31-уми августи соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои олӣ ва зери фишори эътирозгарону ҳамсафони ҳизбиаш истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои олӣ раиси ҷумҳури муваққат таъйин шуд.
Кахор Махкамов. Архивное фото
Қаҳҳор Маҳкамов дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун нахустин президент ва низ ҳамчун нахустин раҳбари кишвар, ки аз мақомаш истеъфо дод, боқӣ мемонад.
Рӯзи истеъфояшро ба ёд оварда, Қаҳҳор маҳкамов мегӯяд, аз 70 вакиле, ки аз шимоли ҷумҳурӣ дар толор нишаста буданд, ягон кас нагуфт, кор кунам.
"Ман гуфтам ман соли оянда 60 сола мешавам имконият диҳед то 60-солагӣ ман ҷумҳуриро барои интихоботи президентӣ омода кунам. Интихоботро гузаронида давлатро бо ду дасти адаб ба президенти нав супорам, баъд истеъсфо медиҳам", - гуфт Маҳкамов ва афзуд, ки танҳо як нафар вакил Юсуф Ахмедов аз Конибодом ба вакилон хитоб карда гуфт, "шумо чӣ кор карда истодаед,, ягон одами тайёратон ҳаст", ба ин суоли вакил аз толор овозаҳо баланд шудаанд, ки "одам ёфт мешавад".
Дар пеши бино парлумон 500 - 600 кас ҷамъ шуда акнун аз берун ба ман фишор меоварданд, ба ёд меорад Маҳкамов.
"Вақте коргарони худамон (дар назар аъзоёни ҳизби коммунист аст - шарҳ аз идора) баромада гуфтанд, ки шумо истеъфо равед ман гуфтам, оё ман бо ҳамин вакилон кор мекунам? Инҳо ягонтоаш дар фикри ояндаи давлат набудааст ва баъд папкаямро гирифта гуфтам, лекин шумо аз ҳамин кори кардагиатон як рӯз пушаймон мешавед".
“Аз ҳамин рӯз сар карда дигар ба сиёсат алараш намешавам аз сиёсат бадтарин кор , чиркинтар кор дар ҷаҳон нест", - хулоса кард Қаҳҳор Маҳкамов.

То охири умр савори ГАЗ-31 ва васият: пулҳоямро ба ягон ятимхона диҳед

Қаҳҳор Маҳкамов зиндагии хоксорона дошт.
Ӯ дар манзили на он қадар бузурге дар шаҳри Душанбе ба сар мебурд. Аз замони тарки мақоми президентӣ то маргаш, тайи 25 сол як мошини ГАЗ-231 дошт, ки соли 1991 харида буд.
Наздикони Қаҳҳор Маҳкамов, тибқи васияти раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон, маблағи суғуртаи ҳаёти ӯро ба як хона-интернат тақдим кардаанд.
Ҳаққи бознишастагии Қаҳҳор Маҳкамов аввал 200 ва пас аз муроҷиаташ ба президент Эмомалӣ Раҳмон ба 500 доллар баробар карда шуд.
Ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ҳамин маблағ барояш барои зиндагӣ басанда буд ва аксари пулашро барои пур кардани сӯзишворӣ барои худрав истифода мекунад, зеро солҳои охир роҳ гаштан барояш душвор шуда буд.

Пешгӯии Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи тақсимоти ҷаҳон

Қаҳҳор Маҳкамов чун коммунисти вафодор тасаввур намекард, ки рӯзе фаро мерасад ва Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барҳам мехӯрад. Ӯ дар бораи ин иттиҳод боз ба кишварҳои пасошӯравӣ якҷо буданро пешбинӣ мекунад.
"Дунё ду тақсим мешавад он тарафи уқёнус ва ин тарафи уқёнус. Урупо маҷбур мешавад ба ин тараф қӯш шавад. Ин фикри худи ман дар асоси таҷрибаам аст".

Ҳолномаи Қаҳҳор Маҳкамов

Қаҳҳор Маҳкамов 16 апрели соли 1932 дар Хуҷанд ба дунё омада, техникуми саноатии Душанбе ва соли 1953 Донишкадаи кӯҳкории Ленинград хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро ба ҳайси усто дар кони ангишти Шӯроб оғоз карда, то ба симати раиси идораи "Тоҷикангишт” расидааст.
Соли 1963, дар 31-солагӣ раиси Госплан ва муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин шуд.
Баъди 19 соли кор дар ин мақом дар соли 1982 раиси Шӯрои вазирон ва соли 1985, баъди барканории Раҳмон Набиев котиби якуми ҳизби коммунист, ҳизби ҳокими вақти Тоҷикистон шуд.
Моҳи апрели соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва 30 ноябри ҳамон сол аз сӯи парлумон раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. 30 августи соли 1991 , ҳамагӣ 9 моҳ баъд аз расиданаш ба ин мақом ва ҳамагӣ як ҳафта баъд аз шикасти ГКЧП дар Маскав, таҳти фишори эътирозгарон истеъфо дод.
Ба ҷои ӯ ба мақоми президентӣ Раҳмон Набиев баргашт, сиёсатмадоре, ки дар соли 1985 курсии раҳбари аввали Тоҷикистонро Маҳкамов маҳз аз ӯ гирифта буд.
Вале Набиев низ дар ин мақом дер напоид ва моҳи сентябри соли 1992, ки Тоҷикистон дар ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, таҳти фишори силоҳбадастон ба истеъфо рафт.
Баъди тарки мақоми президент Маҳкамов то соли 2007 мушовири ширкати "Шукур” буд, ки соҳибкори шаҳринавӣ Амир Шукуров ба хотири сохтани як корхонаи шиша дар ноҳияи Шаҳринав таъсис дода буд.
Қаҳҳор Маҳкамов аз соли 2000 ҳамчун раисиҷумҳури собиқ узви Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.
Қаҳҳор Маҳкамов соҳиби се фарзанд як духтару ду писар мебошад. Ҳамсараш Гавҳар 4 сол пеш аз марги Қаҳҳор Маҳкамов аз дунё даргузашт.
Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар синни 84 дар шаҳри Душанбе вафот кард.
Могила Махкамова Каххора
Ӯро дар оромгоҳи "Сари Осиё" ба хок супурданд. Қабри ӯ, бар асоси васияташ, дар паҳлӯи қабри ҳамсараш ҷой гирифтааст.
Дар маросими видоъ бо Қаҳҳор Маҳкамов дар масҷиди марказии Душанбе бисёре аз мақомдорони тоҷик, аз ҷумла нахуствазир Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Оҷонсии зиддифасод Рустами Эмомалӣ ва дигарон омада буданд.