Медведев гуфт, ки соҳаи муҳоҷирати Русия ба чӣ ниёз дорад

Дар Шӯрои амнияти Русия ҷаласае бахшида ба модернизатсияи бахши муҳоҷират ва ҳалли мушкилоти мубрами ин соҳа баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Шӯрои амнияти Русия масъалаи таъсиси системаи ягонаи иттилоотии муосири сабти номи муҳоҷиронро баррасӣ кард. Тафсилоти баҳсҳоро муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев дар канали "Telelgram"-и худ баён кардааст.
Ҷаласаи мазкур дар доираи Комиссияи байниидоравии Шӯрои амният оид ба такмили сиёсати давлатии муҳоҷират баргузор шуд.

"Мо бояд дақиқ донем, ки чи касе, чанд муддат ва бо чӣ мақсад ба кишвари мо ворид шудааст. Гузашта аз ин тамоми маълумоти зарурии биометрии ҳар як муҳоҷирро бояд дар даст дошта бошем. Дар акси ҳол вуруд ба муддати тӯлонӣ манъ ва ё мамнуъ хоҳад буд", - гуфт сиёсатмадор.

Ба андешаи ӯ, барои бодиққат пайгирӣ кардани ҷараёни муҳоҷирон аз чораҳои нав истифода кардан лозим аст - "технологияҳои муосири рақамӣ бояд ба беҳбуди ин кор мусоидат кунанд, аз онҳо бояд ҳамаҷониба истифода шавад".
Муовини раиси Шӯрои амният бар ин назар аст, ки бахшҳои марбут дар ин замина бо мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд, зеро то ҳол омори муътамад ва мукаммал дар бораи теъдоди муҳоҷирони воридшуда ба Русияро надоранд.
"Ҳатто рақамҳое, ки маъмулан дар нишастҳо эълон мешаванд, аз ҳам фарқ мекунанд", - эътироф кард Медведев.
Коршинос аз мушкилиҳои мутобиқшавии иҷтимоии муҳоҷирони ОМ
Муовини раиси Шӯрои амният мушаххас кард, ки "зарур аст, мубодилаи муассири маълумотҳои байниидоравӣ", - таъсис дода шавад.
"Гузашта аз ин дар заминаи фишорҳои таҳримӣ ва амалҳои душманона алайҳи кишвари мо муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ низ мубориза бо густариши ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ мебошад", - афзуд ӯ.
Дар ҷаласаи ахир муовини раиси Шӯрои амният пешниҳод кард, ки масъалаи модернизатсияи системаҳои мавҷудаи муҳоҷират, инчунин таъсиси системаҳои иттилоотии куллан нави он идораҳое, ки ба ин масъалаҳо машғуланд, баррасӣ шавад.