Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадиду раъду барқ ва эҳтимоли селфароӣ дар Тоҷикистон

Пас аз гармиҳои шадид ҳавошиносони тоҷик дар кишвар боронҳои сахту раъду барқ ва ҳатто ярчу селфароиро пешгӯӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки ҳафтаи оянда дар кишвар ҳавои номусоид дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 18-20 апрели соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар вилоятҳои Хатлону Суғд вазиши шамол то 15-20 м/с дар назар аст.
Инчунин рӯзҳои 18-19 апрел дар қисмати ҷанубии кишвар ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ сар задани тӯфони чангу ғубор дар назар аст.
Ҳавошиносон ҳамчунин рӯзҳои 19-20 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боридани борон, раъду барқ ва жоларо ​​пешгӯӣ мекунанд.
Моҳи апрел барои тоҷикистониён армуғон меорад: пешгӯии ҳавои якмоҳа дар Тоҷикистон
Тағйирёбии обу ҳаво эҳтимоли фаромадани сел, сангрезиш, ярч ва тармаро зиёд мекунад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз аҳолӣ хостааст, ки то ҳадди имкон дар ин рӯзҳо аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, чидани занбуруғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикору сайр худдорӣ намоянд.
Ин ниҳод ҳамзамон тавсия мекунад, ки барои рӯй надодани ҳодисаҳои нохуш дар ин рӯзҳо дар наздикии обанборҳо наистед ва чорво начаронед.
Инчунин, кумита ба шаҳрвандони деҳот ва кӯҳистон тавсия медиҳад, ки телефонҳои мобилиро ҳамеша пур аз барқ ​​нигоҳ доранд, доруқуттиҳояшонро навсозӣ ва пур кунандк системаҳои равшанидиҳии иловагӣ харидорӣ намоянд.
Кумита барои пешгирии оқибатҳои сел аз аҳолӣ хохиш мекунад, ки тамоми заҳбуру оброҳаҳои дар наздикии манзили зисташон ҷойгиршударо тоза кунанд.