ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон пас аз 24 сол филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дубора фаъол мешавад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар дода меафзояд, ки таъсис ва пешбурди фаъолияти донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ба роҳ монда мешавад.
Бино ба гузориши манбаъ, ин масъала зимни ҷаласаи кории муовини якуми вазири маорифи Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ва намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарияти донишгоҳ баррасӣ гардидааст.
Ин донишгоҳ 24 сол пеш дар Ӯзбекистон фаъолият кардааст ва онро 2000 нафар муҳассил аз Ӯзбекистон бомуваффақият хатм намудаанд.
Макотиби олӣ соли таҳсили 1993-1994 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ибтикори раёсати донишгоҳ (он замон донишкада) тибқи шартномаи тарафайн бо ҳокимияти ноҳияи Сариосиё аз 15 июли соли 1993 таъсис дода шуда, то соли 1998 фаъолият намуд.
Фаъолияти филиали донишгоҳ дар Ӯзбекистон соли 1998 қатъ гардида буд.
Ва инак имконияти дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои илму маориф дубора таъсис додани филиалҳо, факултетҳои муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак фароҳам гардидааст.
"Дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо розигии худро ҷиҳати таъсиси филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз доштанд ва интизор аст, ки хулосаи ниҳоӣ ба ҳукумати кишвар ирсол гардад", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, филиали донишгоҳ дар Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки низоми таҳсилоти тоҷикӣ дар арсаи минтақавию байналмилалӣ муаррифӣ гардида, шарикони нав барои ҳамкорӣ пайдо шаванд.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дар Донишгоҳи Бухоро шуъбаи забони тоҷикӣ таъсис меёбад.
Ҳамчунин интизор меравад, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигарро эътироф (нострификатсия) мекунанд.