Уфуқҳои қирмиз миёни кӯҳҳои пулодӣ: аксҳои дилрабо аз баҳори Тоҷикистон - акс

Баҳори Тоҷикистон бо ҳавои офтобӣ ва рангҳои дурахшони водиҳои шукуфони минтақаи кӯҳистонӣ хос аст - лолаҳои даштӣ дар ин вақт шоҳи саҳро мегарданд
Sputnik
1 / 10

Гули Лола дар фарҳанги форсӣ рамзи шодӣ ва ишқи абадӣ маҳсуб мешавад.

2 / 10

Даштҳо пур аз лолаҳои арғувонӣ маконе барои аксҳои хотирмон низ ҳастанд.

3 / 10

Гули Лола аз тухмдонаи нави ҳарсолааш руида дар моҳҳои апрел-май дар саросари кишварҳои дунё бахусус Осиёи Миёна ниҳоят зиёд ба чашм мерасад.

4 / 10

Умри гул кутоҳ аст, вале ҳамин ки баргҳои як навдаи лола рехтанд, дигараш дарҳол мешукуфад.

5 / 10

Ин гулҳои зебо пеш аз ҳама дар доманакуҳҳо бо фарорасии гармиҳо месабланд.

6 / 10

Моҳи апрел дар Тоҷикистон мавсими боронгариҳо оғоз мешавад ва вақти шукуфтани лола фаро мерасад.

7 / 10

Дар давраи гул-гулшукуфии лола ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам сайёҳон дар табиат истироҳат мекунанд.

8 / 10

Майдонҳои дурахшони лола дар дашту водиҳои Тоҷикистони кӯҳистон паҳн шудаанд.

9 / 10

Сабзи зумуррадранг бо гулҳои арғувон тамоми аввали баҳор то фаромадани гармӣ чашмро шод мекунад.

10 / 10

Офтоби дурахшони моҳи апрел бидуни гармои нафасгиранда ба онҳое, ки дар майдонҳои лолазорон истироҳат карданро дӯст медоранд, руҳу равони тоза мебахшад.

Табиати Тоҷикистон вобаста ба мавсим манзараҳои рангорангро касб мекунад. Кулҳои шаффоф, қаторкуҳҳои осмонбӯс ва дашту киштзорҳои гулгулшукуфон ҷойҳои асосии ин кишвари рангин мебошанд.
Дар моҳи апрел дар ин ҷо гули Лола мешукуфад - гулбаргҳои арғувонӣ дар қолини сабзи майдонҳои беканор намунаи аҷибе меофаранд. Садҳо тоҷикон ва албатта, сайёҳон барои дидани зебоиҳои ҷолиби табиати пас аз зимистони дубора эҳёшуда меоянд.