ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тавре Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст, ҳадаф аз ин сафар омӯзишу тарғиби зарфияти сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
Ин масъала зимни мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рушайдон, сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки зимни дидору гуфтугӯ ҳамчунин тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар бахши сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Дар мулоқот ҳамзамон атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба ва иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Riyadh Travel Fair”, ки моҳи майи имсол дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, табодули афкор сурат гирифт”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни мулоқот қайд кардааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз тамоми имконият дар самти рушди сайёҳӣ истифода мешавад.
“Аз сӯйи дигар сиёсати дарҳои кушод имкон медиҳад, ки дилхоҳ сайёҳи хориҷӣ ба кишвари мо омада, бо Тоҷикистон - кишвари сарсабзу хуррам ва дорои тамаддуни бойи қадимӣ шинос шавад”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки дипломати Саудӣ ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ изҳор намуд.