ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тилои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАлКо Голд” оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст, ин ду корхонаи нав давоми як сол бо сатҳу сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо хатҳои технологии муосир сохта, ба истифода дода мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, иқтидори истеҳсолии корхонаи нави металлургӣ дар як сол 2,2 тонна тило (99,99%), 15 ҳазор тонна сабикаи сурмаи 99,85-фоиза ва 6 ҳазор тонна сурмаи рангаш сафеди 99,5-фоиза мебошад.
Қайд карда шудааст, ки ба истифода додани ин ду корхонаи нави ҶСП “ТАлКо Голд” истеҳсоли тило ва сурма то ба ҳадди ниҳоӣ расида, боз зиёда аз 500 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки дар раванди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бештар аз ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас кардааст, ки давоми солҳои охир бо ташаббуси ҳукумати кишвар ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуданд, ки дар ин замина истихроҷу коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорон ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард.
Манбаъ қайд кардааст, ки хусусан ин раванд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вусъати бештар пайдо кардааст.