ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Раёсати андози вилояти Хатлон хабар додаааст, ки дар шаҳри Норак нақшаи қисми даромади буҷет дар ин давра 72 дарсад иҷро гардидаасту халос, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои манбаъ, ба сабаби пурра иҷро нашудани ҷамоварии андоз ба буҷет 8 миллиону 107,7 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ноҳияи Панҷ нақшаи қисми даромади буҷет 93,5 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 705,6 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.
Дар ҳамин ҳол аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон низ хабар доданд, ки дар се моҳи соли равон аз ҳисоби иҷро нагардидани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ба мабалағи 7,9 миллион сомонӣ таъмин нагардид.
“Дар маҷмуъ аз ҳисоби сифатнок таъмин нагардидани андозҳо ба буҷети маҳаллӣ 25,8 миллион сомонӣ ворид карда нашудааст”, – иттилоъ додааст Сарраёсати молияи вилоят.
Инчунин бино ба маълумоти Раёсати андози вилояти Хатлон, дар умум қисми даромади буҷети вилоят давоми се моҳи соли 2022-ум 101,8 дарсад, яъне 472 миллиону 767 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 481 ҳазору 425,7 ҳазор сомонӣ иҷро шуда, ба буҷет 8 миллиону 658,7 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд ворид гардидааст.