Тағйири масири нафту гази Русия аз Ғарб ба Ҷануб ва Шарқ

Президенти Русия хостори суръат бахшидан ба талошҳо барои интиқоли нафту газ аз Ғарб ба бозорҳои нав шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфтааст, ки ин кишвар бояд иҷрои тарҳҳои зерсохтро барои интиқоли манобеи нафту газ аз Ғарб ба бозорҳои ояндадор - ба Ҷануб ва Шарқ суръат бахшад.

“Дар бораи содироти захираҳои энергетикӣ: татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ – роҳи оҳан, қубурҳо, бандарҳоро, ки дар солҳои наздик имкони интиқоли нафту газ аз Ғарб ба бозорҳои оянда – Ҷанубу Шарқро фароҳам меорад, суръат бахшидан лозим аст", - гуфт Путин дар ҷаласаи машваратӣ бо коркунони саноати нефту газ.

Президенти Русия гуфт, кишварҳои аврупоӣ дар бораи даст кашидан аз манобеи энержии Русия ҳарф зада, бозорро ноором мекунанд ва нархҳоро бо дастони худ боло мебаранд.
"Кишварҳои аврупоӣ пайваста дар бораи даст кашидан аз интиқоли манобеи энержии Русия ҳарф мезананд ва ба ин васила бозорро боз ҳам ноором мекунанд ва худ нархҳоро боло мебаранд. Пеш аз ҳама барои шаҳрвандони худ", - гуфт Путин.
Медведев: Русия ояндаи Авруосиёи бозро бунёд мекунад
Ба гуфта ӯ, аврупоиҳо метавонанд аз манобеи энержии Русия даст кашанд, аммо ҳоло ин барояшон дастнорас аст.
Раҳбари Русия қайд кард, ки интиқол аз дигар кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида барои онҳо чанд баробар гарон хоҳад буд.
Тавре муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев қаблан гуфта буд, Русия имкони диверсификатсияи манобеи энержии худро баррасӣ мекунад.
"The Guardian" навишт, ки тағйири самти содироти нафту газ ва ангишти Русия аз Иттиҳодияи Аврупо ба воридкунандагони осиёӣ як зарбаи бузурги иқтисодӣ хоҳад буд.