ДУШАНБЕ, 14 апр – Sputnik. Бар пояи эълони БДА, ки нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода шуд, давоми се рӯзи оянда ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе шаҳру ноҳияҳо муваққатан баста мешавад.
Манбаъ меафзояд, бинобар омадани ҳайати баландмақоми ҳукумати кишвар ба шаҳру навоҳии Суғд роҳ давоми се рӯз масдуд мешавад.
Аз ҷумла 15-уми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Деҳмой - Конибодом, ҳудуди ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ҳудуди ҷамоати Деҳмой ва Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи марказии Сартӯқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои ба номи Р. Ҳоҷиев, И. Сомонӣ, Р. Ҷалил, Сирдарё ва К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров ва кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон муваққатан баста мешавад.
Ҳамчунин рӯзи 16-уми апрел ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии ҷамоатҳои Понғоз, Ашт, кӯчаи ба номи И. Сомонӣ ва шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт муваққатан масдуд мешаванд.
" Рӯзи 17-уми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Исфара муваққатан маҳдуд карда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи БДА.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи рӯзи 14 апрел Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ вориди вилояти Суғд гардид. Сафари президент аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфта, қарор аст, ӯ то се рӯзи дигар аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров дидан намояд.
Сардори идораи БДА-и вилояти Суғд бо нашри ин эълони расмӣ аз сокинони вилояти Суғд даъват намудааст, ки дар вақти қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳу кӯчаҳои дар боло зикршуда, метавонанд аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода кунанд.