Қасди генерал Назарзода барои ҳалли мушкилоти Хоруғ: ӯ аз мардум дастгирӣ хост

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, қасд дорад, Бадахшонро ба минтақаи амн табдил диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Милисаи №1-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шариф Назарзода бо сокинони маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Хоруғ мулоқот карда, аз мардум даъват кард, ки бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ кунанд, то мушкилот ҳал шавад.
Ҳамин тавр ахиран сардори мақомоти корҳои дохилии ВМКБ Шариф Назарзода ба маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ рафта, нахустин вохӯрию суҳбати озоди худро бо сокинони маҳаллаҳои Тем, Фурудгоҳ ва Селхозтехника баргузор намудааст.
Назарзода дар ин суҳбати худ нахуст аз сиёсати президент вобаста ба амалӣ намудани якчанд барномаву стратегияи давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сухан гуфтааст.
Ӯ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, таъмини волоияти қонун дахл кардааст.
Мирзонабот назари президентро дар бораи вазъият дар ВМКБ баён дошт
Назарзода ҳамчунин пешгирӣ намудан аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ба яке аз минтақаҳои амнтарини кишвар табдил додани Бадахшон диққати махсус зоҳир намудааст, менависад АМИТ "Ховар" бо такя ба Раёсати ВКД дар ин вилоят.
Ҳамчунин Назарзода, баррасии фаврии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва ҳалли муаммову проблемаҳои ҷойдоштаи аҳолиро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят ҳисобидааст.
Генерал Назарзода ваъда дод, ки милитсияи Бадахшон хушахлоқу хушмуомила мешавад
Дар ин росто ин мақомдор аҳолии маҳаллаҳоро даъват намудааст, ки баҳри таъмини пурраи волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия ҳамкории дуҷонибаро тақвият дода, барои ташкили фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ саҳми арзанда гузоранд.
Манбаъ афзуда, ки мулоқотҳои ба ин монанд дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ низ идома меёбанд.