Дуздии маблағи ҳангуфт аз мағоза дар Фархор: парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Вазорати умри дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи дуздии маблағи ҳангуфт дар ноҳияи Фархор хабар медиҳад, ки дар пайи он ду ҷавон дастгир шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан ба дуздии маблағи ҳангуфт, ду ҷавон боздошт шудаанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, кормандони ШВКД дар ноҳияи Фархор дар асоси аризаи як сокини ноҳияи мазкур дар бораи дуздида шудани маблағҳояш корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бурдаанд.
Дар пайи баргузории тафтишот ду сокини ноҳияи мазкур дастгир шудаанд. Онҳо сокинони 18 ва 19-солаи даҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор мебошанд.
Дар рафти тафтишот муайян шудааст, ки ин ду нафар шаби 15 марти соли равон бо маслиҳати пешакӣ ба ин кирдори ношоям даст задаанд.
Дуздӣ дар утоқи кории раиси ширкати фурӯши сӯзишворӣ
Номбурдагон аз набудани одамони гирду атроф истифода намуда, вориди саҳни ҳавлии шаҳрванд Гулов Холназар гашта, аз он ҷо бо як адад оҳани дарозшакл қулфи дари мағозаро шикаста, ғайриқонунӣ ворид мегарданд.
Аз дохили мағоза ба миқдори 200 сомонӣ тангаҳои оҳанин, 15 ҳазор сомонӣ, 40 ҳазору 150 доллари ИМА ва 1 адад телефонии мобилии тамғаи "Нокия"-ро, ки арзишаш 150 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.
ВКД мегӯяд, бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдида ба маблағи 690.000 (шашсаду навад ҳазор) сомонӣ зарари махсусан калон расонидаанд.
Дар ШВКД дар ноҳияи Фархор нисбати гумонбарони ҷинояти дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.