Нашри нахустин видео аз тирпаронӣ дар метрои Ню-Йорк

Ҳодиса замоне руз дод, ки метро пур аз мусофир буд, зеро мардум саҳар ба кор мерафтанд. Феълан кормандони милиса нафари муттаҳамро ҷустуҷӯ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Шоҳидони аз макони тирпаронӣ дар метрои Бруклини Ню-Йорк наворҳо нашр намудаанд.
Дар видео маълум аст, ки рӯи фарши метро теъдоди зиёди мусофирон оғуштаи хун хобидаанд ва гирдогирди онҳо одамони дигар талоши кумакрасонӣ доранд.
Ҳаракати қатор аз ҳар ду қисмат боздошта шудааст ва мусофирони нафарони осебдидаро аз дохили вагонҳо берун меоранд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ дар ин ҳодиса 6 нафар кушта шуда, ҳамчунин 13 мусофири дигар ҷароҳатдор шуданд.
Тирапонӣ дар метрои Ню-Йорк чанд кушта бар ҷой гузошт
Пулис тахмин мезананд, ки оташро ба сӯи мардум як марди сиёпӯсти африқоӣ кушодааст, ки пасон зуд аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Ҳоло ҷустуҷӯӣ марди муттаҳам идома дорад.
Ҳамчунин маълумоте мавҷуд аст, ки гумонбар шарике доштааст.
Дар пасманзари ин ҳодиса, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, мубориза алайҳи "аслиҳаи арвоҳ", силоҳи оташфишонро эълон кард, ки онҳоро пайгирӣ кардан ғайриимкон аст.