Ҳукумати Шри-Ланка дефолт эълон кард

Дар ин давлат буҳрони ҷиддии иқтисодӣ ба амал омад, ки дар натиҷа бо дастрасӣ ба озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва молҳои мавриди ниёзи аввалро мушкил кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Вазорати молияи ин давлат гуфт, дар пайи буҳрони шадид мақомоти Шри-Ланка дефолт эълон карданд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин кишвар то таҷдиди сохтор, ки тибқи барномаи ислоҳи иқтисодӣ, аз ҷониби Хазинаи Ҷаҳонии Асъор дастгирӣ мешавад, наметавонад дар давраи фосилавӣ қарзи хориҷиро пардохт кунад.
"Шри-Ланка аз замони истиқлолаш дар соли 1948 собиқаи беҳамтои хидматрасонии қарзи берунии худро дорад. Аммо рӯйдодҳои ахир, аз ҷумла оқибатҳои пандемияи КОВИД-19 ва амалҳо дар Украина вазъи молиявии Шри-Ланкаро чунон заиф карданд, ки иҷрои уҳдадориҳо дар робита ба пардохти қарзи хориҷии ин давлатро ба мушкил мувоҷеҳ кард”, - гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.
Маълум аст, ки авохири моҳи гузашта ХБА ҳаҷми қарзи Шри-Ланкаро "ғайриқобили қабул" арзёбӣ карда буд.
Инчунин хабар дода мешавад, ки "ҳукумат барои ҳалли тамоми қарзи берунии худ иқдомоти фавқулодда андешид". Мутаассифона, чунин сиёсат тоқатнопазир гардид ва аз ин рӯ иқтисоди давлат тағйироти ҷиддиро талаб мекунад.
Песков шарҳ дод, ки чаро Русия наметавонад дефолт эълон кунад
Қайд карда мешавад, ки дефолт аз рӯи ҳамаи қарзҳои пардохтнашуда то 12 апрели соли 2022 эълон шудааст.
"Хатҳои нави қарз ва ҳама гуна маблағҳое, ​​ки аз рӯи хатҳои қарзии мавҷуда пас аз ин сана пардохта мешаванд, ба ин сиёсат тобеъ нестанд ва бояд ба таври муқаррарӣ хидмат карда шаванд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Аз замони истиқлоли Шри-Ланка, соли 1948 ин бадтарин буҳрони иқтисодиаш мебошад.
Вазъияти душвори иқтисодиро камбуди асъори хориҷӣ ба вуҷуд овардааст, ки бинобар маҳдуд шудани гардиши сайёҳон дар давраи пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст.
Натиҷааш ин аст, ки ин кишвар барои харидани сӯзишворӣ ба кадри кофӣ имкон надорад.
Сарвазири Лаҳистон эътироф кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия кор намекунанд
Пандемияи COVID-19 ба бахши сайёҳии ҷазира, ки манбаи асосии даромади асъор аст, таъсири бениҳоят манфӣ расонд. Илова бар ин интиқоли пул аз шаҳрвандони Шри-Ланка, ки дар хориҷ кор мекунанд, коҳиш ёфтааст.
Мамлакат инчунин аз норасоии шадиди маводи ғизоӣ ва маводи ниёзи аввалия, сӯзишворӣ ва газ азият мекашад.
Аз сабаби он ки давлат барои воридоти сӯзишворӣ асъори хориҷӣ надорад, дар бисёре аз манотиқи Шри-Ланка нерӯи барқ ​​пайваста то 13 соат қатъ мешавад.