ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Овозхони машҳури Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ба баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи ворид нашуданаш ба барномаи наврӯзии Панҷакент вокуниш кард ва гуфт, аз ин ҳодиса нигарон нест.
Ӯ дар ин вокуниш ба ҳамаи мухлисонаш, ки барои дар рӯйхати ҳунармандони барномаи мазкур ворид нашудани ӯ, изҳори нигаронӣ карданд, изҳори сипос кардааст.
"Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам, эҳтиром мекунам ва ҳамеша дар хидмати шумоям", - гуфт ӯ.
Ҳамчунин ҳунарманд ба Вазорати фарҳанг барои дастгириҳояш сипос гуфт. Ӯ гуфт, бо ҳунараш Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ борҳо муаррифӣ кардааст.
"Ман беш аз 35 сол аст, ки рӯи саҳнаи ҳунар ҳастам. Бо ҳунари худ миллатамро дар дунё муаррифӣ кардаам. Аз қисмати худ розӣ ҳастам ва Худоро шукр мекунам", - навиштааст ҳунарманд.
Дар робита ба ворид нашуданаш ба барномаи наврӯзӣ Шодиев гуфт, имрӯз ҳунармандони ҷавон зиёданд ва роҳ кушодан ба онҳою ғамхорӣ дар ҳаққи онҳоро вазифаи муқаддаси худ хонд.
Афзалшо Шодиев гуфт, аз ин ҳодиса нигарон нест, чун ҷою макони худро аллакай ёфтааст.
"Ба фикри ман, ин кор қадри устодонро дар назди ҳунармандони ҷавон баланд мекунад ва ҷои ягон нигаронӣ нест. Мо ҷою мақоми худро ёфтаем. Бигзор, онҳо низ ба мартабаи мо бирасанд", - навиштааст ҳунарманд дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Афзалшо Шодиев аз овозхонони саршиноси Тоҷикистон мебошад, ки сурудҳояш дар васфи ватану модар машҳуранд.
Суруди "Ҷавонӣ рафт"-и Афзалшоро ҳар як хурду бузурги Тоҷикистон азёд медонад.