ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ширкати IRS, ки масъули нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе - Чаноқро бар уҳда дорад, мегӯяд, корҳои навсозӣ дар азимтарин пули ин масир идома дорад.
Феълан 65 фисади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, масъулин талош доранд, то ҳарчи зудтар ин пулро мавриди истифода қарор диҳанд", - омадааст дар хабари ин ширкат.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи таъмир шудани пули азим дар роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ ҳанӯз моҳи марти соли гузашта, зимни таҳқиқи комиссияи дахлдор ба намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт, БДА ва мутахассисони ширкат мавриди баррасӣ қарор гирифт, матраҳ шуда буд.
Зимнан ширкати IRS изҳори омодагӣ намуд, ки пули мазкурро таъмир мекунад, зеро поя ва сутунҳои марказии он тайи солҳои зиёд корношоям гардида буданд.
Навсозии пулро ширкати мазкур аз 12 сентябри соли гузашта рӯи даст гирифт ва лоиҳакашӣ ва навсозии пул ба зиммаи ширкати "Чайна Роуд" вогузошта шуд.
Манбаъ меафзояд, чанде пеш насби пояҳои пул шуруъ гардид.
Барои навсозии ин пули азим 45 нафар мутахассисони ширкати "Чайна Роуд" ва 15 техникаи пуриқтидор ҷалб карда шудаанд. Тибқи лоиҳа, баъди навсозӣ паҳноии пули мазкур ба 10 метру 20 сантиметр баробар хоҳад шуд.
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS, ки масъулияти нигоҳдорию пулчинӣ дар ягона роҳи мошингарди пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо пойтахтро 11 сол ба ин су дар ихтиёр дорад, сар аз 1 январи соли ҷорӣ қимати тарофаҳояшро дар шаш нуқтаи пулчинӣ аз 2 то 24 сомонӣ боло бурд.
Шаш плазаи толингӣ ва ё нуқтаи пулчинии ин ширкат умдатан дар ҳудуди шаҳру навоҳии Суғд ҷойгиранд. Масъулони IRS боло бурдани арзиши тарофаҳоро ба афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ, болоравии сатҳи таваррум, коҳиши қурби сомонӣ дар баробари доллар ва дигар омилҳо рабт доданд.