ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Марди 47-солаи сокини шаҳри Ҳисор ба як нафар хариди чипта ваъда кардаю маблағи ӯро ба фоидаи худаш сарф кардааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин бора бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки моҳи июни соли 2021 марди 47-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 67 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Бар ивази ин маблағи ҳангуфт ӯ ваъда додааст, ки ба ӯ 7 чиптаи ҳавопаймои самти Душанбе - Маскав мехарад.
Аммо номбурда маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Манбаъ афзуда, ки оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Ёдрас менамоем, ки ҳодисаи ба ин монанд дар шаҳри Душанбе рух дода буд. Он замон марди 55-солаи сокини ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ аз нафаре 70 000 сомонӣ гирифта, ӯро ваъда дода буд, ки 10 адад чиптаи ҳавопаймо ба самти Русия гирифта медиҳадаш.
Аммо на чиптаву на маблағи гирифтаашро барнагардонд.