Вазорат гуфт, дар даҳ рӯз чанд фисади нақшаи даъват иҷро шуд

Дар байни вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ дар чор соли охир ВМКБ дар нахустин рӯзи даъват нақшаро сад фоиз иҷро мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар даҳ рӯзи аввали даъвати наваскарон ба хидмати ҳарбӣ 40 фисади нақша иҷро гардидааст. Дар ин бора котиботи Вазорати мудофиа хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, давоми чор соли охир дар байни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон иҷрои нақшаро дар қаламрави ин вилоят ба 100 фоиз баробар менамояд.
Гуфта мешавад, аз маҷмуи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаи даъватро ба итмом расонида, иҷрои нақшаро дар қаламрави ин вилоят ба 40 фоиз баробар намудаанд.
Фармони нави Раҳмон бораи даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣ
Иҷрои барнома дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар давоми даҳ рӯз 27 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ нақша 47,3 фоиз иҷро шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод пурра аз анҷоми нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Дар ҷараёни даҳ рӯзи чорабиниҳои даъватӣ дар комиссариатҳои ҳарбии чаҳор навоҳии пойтахт бошад, иҷрои нақша 42 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон аз якуми апрел шуруъ гардида, як моҳ тӯл мекашад.