ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Абдулло Зиёдулло Назар бо қарори президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири маориф таъйин гардид.
Қарор таъйин шудани Зиёдулло Назарро котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон бо нашри матни он таъйид намуд.
Манбаъ меафзояд, "Абдулзода Зиёдулло Назар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад".
Зимнан бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон директори мактаби президентӣ барои
хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон низ иваз шуд.
хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон низ иваз шуд.
Дар ин вазифа Набизода Мадина Раҳмат кор мекард. Котиботи президент иллати аз вазифа канор рафтани Набизодаро гузаштан ба кори дигар арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин бо қарори Эмомалӣ Раҳмон ректори Муассисаи давлатии таълимии
"Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" низ каси дигар таъйин шуд.
"Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" низ каси дигар таъйин шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаб Усмонзода Аюб Исломро таъйин кард.
Ҷобаҷогузории кадрҳо рӯзи 11 апрел сурат гирифт ва Эмомалӣ Раҳмон дар дигар соҳаҳо низ таъйиноти кадрӣ анҷом дод.