Песков шарҳ дод, ки чаро Русия наметавонад дефолт эълон кунад

Сухангӯи Кремл шартеро эълон кард, ки ин кишвар, тибқи он, қарзи худро ба кишварҳои шарики хориҷӣ бо асъор пардохт мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Ба Русия дефолт таҳдид намекунад. Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар Русия имкони иҷрои тамоми уҳдадориҳо вуҷуд дорад. Аммо мавқеи ғайриконструктивии мухолифон метавонад душвориҳои худро ба бор орад, гуфт сухангӯи Кремл.
Қаблан оҷонсии рейтингии байналмилалии S&P "Global Ratings" (S&P) рейтинги қарзии дарозмуддат ва кутоҳмуддати асъори хориҷии Русияро аз CC/C ба SD - дефолти интихобӣ поин бурда буд.
Вақте аз Песков дархост карданд, ки қобилияти қарзии Русияро арзёбӣ кунад, ӯ посух дод, ки "ин масъала вазифаи ҳукумат аст".

"Ин метавонад танҳо дефолти сунъӣ бошад, дар ин бора вазир Силуанов гуфт ва сабабҳои комилан объективии чунин дефолт вуҷуд надоранд. Русия барои иҷрои тамоми уҳдадориҳои худ зарфиятҳои заруриро дорад", - афзуд ӯ.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Русия, қарзи хориҷии ин кишвар то 1 феврали соли 2022 59,5 миллиард долларро ташкил додааст. Ин маблағ 38,97 миллиард доллар қарзи вомбаргҳои хориҷиро дар бар мегирад, ки дар маҷмуъ дар ҳоли ҳозир 15-тоанд. Муҳлати онҳо аз соли 2022 то соли 2047 аст.
Таҳримҳои ҷавобӣ, ки Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 5 март ҷорӣ кард, пардохти қарзи асъори хориҷӣ ба кишварҳои бегонаро танҳо аз тариқи рубл пешбинӣ мекунад.
ИМА бо таҳримот бартарияти худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад
Тибқи шартҳои тартиби нав, ширкатҳои қарздор ё худи давлат метавонад дар бонкҳои Русия ба номи кредитори хориҷӣ ҳисоб кушояд ва пардохтҳоро ба он бо қурби Бонки марказӣ (МБ) дар рӯзи пардохт бо рубл интиқол диҳад.
Қарздорҳо аз рӯйхати давлатҳое, ки алайҳи Русия чораҳои маҳдудкунанда татбиқ накардаанд, метавонанд бо иҷозаи махсуси Русия пардохтро бо евро ё доллар бигиранд.
Ба гуфтаи вазири Вазорати молияи Русия, қарзро бо асъори хориҷӣ танҳо дар сурате пардохт хоҳад кард, ки суратҳисобҳои асъори хориҷӣ баста нашуда бошанд.
Лавров гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ ба фишор итоат намекунад
Дар сурати рад ё посух надодани агентҳо, Маскав омодааст, ки уҳдадориҳои асъории худро бо рубл пардохт кунад.