Пешсафии Макрон пас аз шумориши 97 дарсади оро дар даври аввали интихобот дар Фаронса

Раисҷумҳури кунунии Фаронса дар даври аввали интихоботи президентӣ пас аз шумориши 97 дарсади ороъ пешсаф аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бар асоси охирин маълумоти умумии Вазорати корҳои дохилӣ, пас аз шумориши 97 дарсади ороъ, президенти феълии Фаронса Эммануэл Макрон бо касби 27,6 дарсад аз он дар мақоми аввал дар миёни номзадҳои интихоботи президентӣ қарор гирифтааст.
Дар зинаи дувум ҳарифи ӯ Марин Ле Пен аз Ҳизби "Иттиҳоди миллӣ" бо касби 23,41 дарсади ороъ қарор дорад ва намояндаи чапгароҳо Жан-Люк Меленшон пас аз дарёфти 21,95 дарсади овозҳо дар ҷойи сеюмро гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол дар пойтахти Фаронса Меленшон, ки дигар номзади даври дувум нест, дар ҷои аввал (30,24 дарсад), Макрон (30,19 дарсад) дувум ва Ле Пен (12,97 дарсад) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Дар ҷои чаҳорум дар ин минтақа номзади Эрик Земмур (7,46%) қарор дорад.
Дар Фаронса даври аввали интихоботи президентӣ ҷараён дорад
Номзади ҷумҳурихоҳи марказгаро Валери Пекресс бо 6,19 дарсади ороъ дар ҷои панҷум қарор гирифт.
Дар худи Париж вазъият дигар аст: дар пойтахти Фаронса Макрон 35,33 фоиз, Меленшон 30,09 фоиз ва Земмур 8,16 фоиз овоз гирифтанд. Марин Ле Пен бо 5,54 дарсади ороъ дар ҷои шашум қарор гирифт.
Фаронсавиҳо раҳбари кишвари худро барои панҷ соли дигар интихоб мекунанд.
Агар ҳеҷ яке аз номзадҳо дар даври аввал аксарияти мутлақи овозҳо, яъне беш аз 50 дарсадро ба даст наорад, даври дувуми интихобот доир мешавад.
Бо сабаби он ки ҳеҷ яке аз номзадҳо чунин нишондиҳанда надошт, барои интихоби раисҷумҳур даври дувуми раъйдиҳӣ рӯзи 24 апрел баргузор мешавад.