ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. ИМА борҳо таъкид намуда буд, ки вуруди Русия ба узвияти НАТО ғайриимкон аст. Дар ин бора сухангӯи Кремл Дмитрий Песков хабар дод.
Ин ҳарфҳоро Песков зимни посух додан ба суоли хабарнигорон дар бораи мақолаи кишвардори пешини Амрико Билл Клинтон иброз дошт.
"Ман чунин маълумот надорам, аммо дақиқ медонам, ки ҷониби Амрико борҳо гуфта буд, ки чунин узвият имконнопазир аст. Ва дар воқеъ, гуфта мешуд, ки дарҳо, баръакс бастаанд, зеро аслан ин ғайриимкон аст", - тавзеҳ дод Песков.
Билл Клинтон, раисҷумҳури пешини ИМА дар як мақолаи худ барои рӯзномаи "Atlantic" навиштааст, ки ба ҳамтоёни руси худ Борис Елтсин ва Владимир Путин имкони пайвастани Маскав ба НАТО-ро пешниҳод кардааст.
Сиёсатмадор ба рушди равобити ин НАТО ва Русия дар солҳои 1990 ишора карда, ҳамчунин аз ширкати Маскав дар барномаи “Шарикӣ ба хотири сулҳ”, имзои санади миёна Русия ва НАТО, маблағгузории ИМА барои хуруҷи нерӯҳои Русия аз кишварҳои Ҳавзаи Балтик, инчунин иштироки якҷоя дар баъзе амалиёти муҳофизати сулҳ ёдовар шудааст.
“Тамоми ин муддат мо дарҳои НАТО-ро барои вуруди Русия боз нигоҳ доштем, ки ман инро ба Елтсин ва сипас ба Владимир Путин баён доштам”, - гуфт Клинтон.
Қаблан Путин гуфта буд, ки дар ҷараёни сафари Клинтон ба Маскав дар соли 2000 аз ӯ суол карда буд. Аммо ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳамтои амрикоиаш дар вокуниш ба суоли ӯ "як навъи худдорӣ нишон дод".