Ҳазорон ҷонибдори Имрон Хон ба кӯчаҳо рехт - видео

Тазоҳурот дар ҳамаи шаҳрҳои Покистон, аз ҷумла дар Исломобод низ сурат гирифт. Имрон Хон аз эътирозгарон изҳори миннатдорӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони Имрон Хон, нахуствазири собиқи Покистон ба кӯчаҳои кишвар баромада, аз сиёсатмадор ҳимоят карданд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Имрон Хон раҳбарии Ҳизби таҳрики инсофро бар уҳда дорад. Ба назар мерасад, ба тарафдории сарвазири собиқ на танҳо дар Исломобод, балки дар тамоми мамлакат роҳпаймоӣ барпо гардид.
Зимнан худи Имрон Хон дар сафҳаи иҷтимоияш барои то ин ҳадд ҷонибдорӣ кардани ӯ ба эътирозгарон изҳори миннатдорӣ баён кард.

"Ташаккур ба ҳамаи покистониҳо барои пуштибонии ҳайратангез ва эътироз ба тағйири режими таҳти ҳимояти ИМА <...> Маълум гардид, ки покистониҳо дар дохил ва хориҷи кишвар инро қатъиян намехоҳанд",- навиштааст Имрон Хон дар "Твиттер".

Сарвазири барканоршуда рақибони худро бо генерали муғул Мир Ҷаъфар муқоиса кард. Маҳз давраи ҳукмронии ӯ дар таърихи Ҳиндустон ибтидои империализми Англия ва ҳамчунин лаҳзаи асосии барқарор намудани ҳукмронии Англия дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Рӯзи шанбе парлумони Покистон раъйи нобоварӣ ба нахуствазир Имрон Хонро қабул кард. Ба тарафдории ин ташаббус аз 342 вакил 174 нафар, яъне аксари кулли палатаи поёнии ниҳоди қонунгузори ин кишвар овоз дод.
Дар Покистон сарвазири нав интихоб мекунанд
Қаблан мухолифони Покистон кӯшиши эълони нобоварӣ ба нахуствазирро оғоз карда, ӯро дар беҳбуд набахшидани вазъи иқтисодӣ дар ин кишвар ва ҳамчунин фасодкорӣ муттаҳам карда буданд.
Хон дар посух изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида дар паси кӯшишҳои аз қудрат дур кардани ӯ истодааст. Овоздиҳӣ барои номзадии нахуствазири нав бояд рӯзи 11 апрел, соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор шавад.