Бе чатр нагардед: ҳавои гарми Тоҷикистон раъду барқ ва борони шадид меорад

Ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон боришоти шадид пешбинӣ шуда, дар бархе аз манотиқи Бадахшон бориши барф ҳам дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Дар пасманзари гармои моҳи апрел дар саросари Тоҷикистон борону раъду барқ ​​мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Душанбе, борони кутоҳмуддат меборад. Рӯзи сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе бориш дар назар аст. Ҳарорати миёна, рӯзона аз +27 то +30 ° C, шабона +17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дар Ваҳдат низ аз 12 то 14 апрел боришот пешгӯӣ мешавад.
Рӯзона аз +26 то +29 дараҷа ва шабона +16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд, ҳаво нимаабрӣ, вале бебориш мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳо бод тамоми ҳафта то 15—20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18, рӯзона 27-32, дар кӯҳҳо шабона 4-9, рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Моҳи апрел барои тоҷикистониён армуғон меорад: пешгӯии ҳавои якмоҳа дар Тоҷикистон
Агар аввали ҳафта дар Хуҷанд нимаи дуюми рӯз +29 дараҷа гарм бошад, пас то рӯзи якшанбе аллакай +34 дараҷа ва шабона тақрибан +22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон аз 12 то 14 апрел борон меборад, шамол мевазад ва баъзан туман мефарояд. То охири ҳафта борон қатъ мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20, рӯзона 30 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо шабона 11-16, рӯзона 29 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 12, 14 ва 15 апрель на танхо борон, балки барф меборад. Дар баробари ин дар ғарби вилоят шабона 6—11, рӮзона 18—20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи ВМКБ шабона 3—8 дараҷа, рӯзона 7—12 дараҷа хунук.