Дар Душанбе ду таксиронро ҷарима карданд

Ҳар ду ронандаи таксӣ барои таваққуфи нодуруст ҷарима шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Дар Душанбе ду ронандаи таксӣ аз ҷониби кормандони милиса ҷаримабандӣ шудаанд.
Ба иттилооти дафтари матбуотии Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ронандаҳо барои таваққуфи нодуруст ҷарима шуданд.
Манбаъ меафзояд, акси ронандаҳоро як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ба кормандони милиса ирсол намудааст. Дар расм дида мешавад, ронандаҳо дар наздикии истгоҳ таваққуф намуда, монеи ҳаракати автобус гардидаанд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт дар қатори дуюму сеюм ва дохилу наздикии истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ боиси тамбашавии сунъӣ гардида, назму тартибот дар роҳҳои автмобилгард вайрон мешавад.
Бархӯрди автобус бо ҳафт мошин дар Душанбе: ВКД гуфт, бо айби кӣ сар зад - видео
Дар ҳамин ҳол барои ҷилавгарӣ аз чунин ҳолатҳо бо супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои рейдӣ таъсис ёфтааст.
Қаблан дар Душанбе бархӯрди як автобус бо ҳафт мошини таксӣ сурат гирифт ва дар ин ҳодиса кормандони милиса ронандаи автобусро муттаҳам карданд. Ӯро ҳатто то 2000 сомонӣ ҷарима бастанд, вале баъдан роҳбарияти ширкати таксиронӣ тасмим гирифт, ки мошинҳоро аз ҳисоби корхона таъмир кунад.
Дар аксари расонаҳои дохилӣ зикр гардид, ки ронандаи автобусро сари чамбараки мошин хоб бурдааст, ки дар натиҷа садамаи калон сурат гирифтааст. Хушбахтона, бар асари ин ҳодиса ягон нафар ҷароҳати вазнин набардоштааст.